Тафсири Сураи Такосур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Такосур Ояти 8
ثُمَّ لَـتُسۡـَٔـلُنَّ يَوۡمَٮِٕذٍ عَنِ النَّعِيۡمِ ٨
Сумма ла тус-алунна явмаизин ъанин наъӣм. 8.
8. Сипас, дар он рӯз аз неъматҳо албатта пурсида хоҳед шуд!
Яъне, эй шахси ба дунё мағрури инкоркунандаи рӯзи ҷазо! Оё ҳамаи ин неъматҳои дунё, ки ту аз онҳо бархурдорӣ, бесоҳибу беҳисобанд? Не! Албатта, ту дар охират аз неъматҳои истифода кардагиат: боигарӣ, саломатӣ, тинҷию осоиштагӣ, хӯрданиву пӯшиданиҳо, зану фарзанд ва ғайра якояк пурсида мешавӣ.
Хулоса, аз ҳамаи он чизе, ки дар ин дунё истифода бурдӣ, савол карда мешавӣ.. Чун ҳамаи ин неъматҳо шукр мехостанд, ту дар дунё шукри он неъматҳоро накардӣ, акнун Дӯзахро дида истодаӣ, чӣ ҷавоб медиҳӣ? Худованд ҳуҷҷат баён карда мегӯяд, ки барои ту китоб ва Пайғамбар фиристодам, пас, чаро итоат накардӣ? Дар он вақт чӣ ҷавоб ҳам дода метавонӣ?
Иншоаллоҳ, бо ривоят кардани ҳадисе аз Расулаллоҳ (с) тарҷума ва шарҳи ин сураи муборакро ба охир мерасонем.
Имом Муслим аз Абу Ҳурайра ривоят кардаанд: “Расулуллоҳ (с) шабе (ё рӯзе) аз хонаи худ баромаданд ва бо ҳазрати Абӯбакр (р) ва Умар (р) рӯбарӯ шуданд, ҳабиби Худо (с) аз онҳо пурсиданд: “Чӣ чиз шуморо дар ин соат аз хонаҳоятон берун овард?”
Гуфтанд: “Гуруснагӣ, ё Расулуллоҳ”, Расули Худо (с) гуфтаанд: “Қасам ба зоте, ки нафси ман дар яду қудрати Ӯст, он чизе ки шуморо аз хонаатон баровардааст, маро низ аз хонаам баровардааст”. Баъд Расулуллоҳ гуфтанд: “Бо (ҳамроҳии) ман равон шавед”. Онҳо ба хонаи яке аз бародарони ансор омаданд. Ӯ дар ин вақт барои овардани оби ширин рафта буд.
Зани ансорӣ баромад, Расулуллоҳ (с)-ро дид ва гуфт: “Марҳабан ва аҳлан”. Дар ин ҳангом он ансорӣ (бозгашта) омад, чун ба Расулуллоҳ (с) ва саҳобагонаш назар кард, гуфт: “Алҳамдулиллоҳ, имрӯз ҳеҷ кас аз ман дида меҳмони боқадр надорад”.
Он азизонро ба хона дароварду худ (ба берун) баромад. Пас, аз муҳлате бо хӯшаи хурмо омад. (Хурмоҳои) он хӯша баъзе пухта хушк шуда, баъзе нимпухта ва баъзе хом буданд. (Соҳибхона) онҳоро ба хӯрдан таклиф кард ва худ корде гирифта берун баромаданӣ шуд.
Расули акрам (с) ба вай гуфтаанд: “Аз куштани (ҳайвони) ширдор даст дор!”. Он ансорӣ, барои меҳмонҳояш гӯсфандеро кушта таом пухт. Расулуллоҳ (с) ва ёронашон таомро хӯрда, сер шуданд, сероб шуданд.
Баъд он ҳазрат (с) ба Абӯбакр (р) ва Умар (р) хитоб карданд: “Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар яду қудрати Ӯст, шумо аз ин неъматҳо дар рӯзи қиёмат пурсида мешавед! Агарчанде ки гуруснагӣ шуморо аз хонаҳоятон баровард ва то ба ин неъматҳо нарасидед (ба хонаҳоятон) барнагаштед”.
Дар фазилати ин сура аз Расулуллоҳ (с) ҳадисе боқӣ мондааст. Мо онро мазмунан нақл мекунем. Тиловат кардани сураи “Такосур” баробари тиловати 1000 ояти Қуръон аст, касоне, ки ҳар рӯз 1000-оят хонда наметавонанд, бояд сураи “Такосур”-ро бихонанд.
Рӯзе, ки аҷал кунад шабохун,
Албатта, бибояд аз ҷаҳон рафт.
Гар дил набувад асири дунё,
Осон раҳи он ҷаҳон тавон рафт.
Аз адибе.
Поёни сураи “Такосур”. Ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Такосур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «