Тафсири Сураи Таквир Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 21
مُّطَاعٍ ثَمَّ اَمِيۡنٍؕ ٢١
Мутоъин самма амӣн. 21.
21. Дар малакути Осмон фармон бурдашуда ва амини ваҳйи Худост.
Ҳазрати Ҷабраил (а)-ро дигар малоик итоъат мекунанд, қавли ӯро мешунаванду фармонбардорӣ мекунанд, зеро ӯ аз фариштаҳои муқарраб аст. Соҳиби амонат аст, аз ҳадди худ зиёду кам таҷовуз намекунад. Ин аст, ки Қуръони маҷид ба воситаи ӯ ба Расулуллоҳ (с) чун ваҳйи илоҳӣ нозил шуд, ки ин аз манзалату соҳибэҳтиромии ин фаришта назди Худованд далолат мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «