Тафсири Сураи Таквир Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 22
وَ مَا صَاحِبُكُمۡ بِمَجۡنُوۡنٍۚ ٢٢
Ва ма саҳибукум би маҷнун. 22.
22. Ва ҳамсуҳбат (ёр)-и шумо девона нест.
Вақте ки ҳазрати Муҳаммад (с) мардуми арабро ба сӯйи Худошиносӣ даъват мекард ва ба онҳо ваҳйи расидаро талқин мекард, мушрикони сангдили гумроҳ ба каломи Раббонӣ будани он бовар накарда, мегуфтанд: “Муҳаммад девона шудааст”. Худованд дар ин оят фикри нодурусти онҳоро рад намуда мегӯяд, ки ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (с) чуноне шумо мепиндоред, девона нест. Шумо худ мебинеду медонед, ки ӯ дар ақлу фаросат, адлу инсоф, амну амонат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз ҳамаи шумо бартару болотар аст. Ӯ сухани Аллоҳро ба шумо мегӯяд. Ва ҳол он, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «