Тафсири Сураи Таквир – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир 81-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 29 оят иборат аст.
Ин сура дар бораи ҳақиқат будани ҳодисаҳои рӯзи қиёмат, хусусан ҳодисаҳои бузурги он рӯз, ки бо изни илоҳӣ рӯйи медиҳанд, нақл мекунад. Дар давоми сура сифати фариштаи гиромиқадр Ҷабраил (а)-ро ки ноқили ваҳйи илоҳӣ аст ва инчунин ҳақ будани пайғамбарии Муҳаммад (с) ва якчанд сифатҳояшон нақл мешавад.
Имом Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунанд, ки Расуллоҳ (с) гуфтанд: “Ҳар касе хоҳад рӯзи қиёматро бо чашми худ мисли Моҳтоб равшан бубинад, бояд ба сураҳои “Куввират”, “Инфитор” ва “Уншаққат” назар кунад”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «