Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 42
اُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡكَفَرَةُ الۡفَجَرَةُ ٤٢
Улаика ҳуму-л-кафарату-л фаҷараҳ. 42.
42. Он ҷамоат кофирону фоҷирон (бадкор) бошанд.
Ба кофирони беҳаё ҳар қадаре дар дунё панду насиҳат гуфта шуд, ҳеҷ таъсир накард, зеро ки на аз Холиқ тарсиданд ва на аз махлуқи Ӯ шарм доштанд.
Он гурӯҳе, ки дар оят бо рӯйҳои сиёҳ мавсуф шуданд, касонеанд, ки кофириро бо гуноҳу бадкорӣ ҷамъ карданд. Мисли корҳои кардагиашон рӯзи қиёмат дар рӯйҳояшон сиёҳӣ ва ғубор ҷамъ мешавад.
Умедворем, ки мазмуни оятҳои дар ҳаққи муъминон ва кофирон нозилшуда ба дили ҳар хонанда ва шунаванда таъсире мегузорад. Ба дили муъминон таскину хурсандӣ ва умед меоварад. Дар дили кофирону фосиқон хавф ва тарс эҷод мекунад. Ҳоло зинда ҳастанд, имконият ҳаст, ки аз роҳи бад гашта, нек гарданд.
Поёни сураи “Абаса” Ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «