Тафсири Сураи Талок Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ Ояти 11
رَّسُوۡلًا يَّتۡلُوۡا عَلَيۡكُمۡ اٰيٰتِ اللّٰهِ مُبَيِّنٰتٍ لِّيُخۡرِجَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ مِنَ الظُّلُمٰتِ اِلَى النُّوۡرِؕ وَمَنۡ يُّؤۡمِنۡۢ بِاللّٰهِ وَيَعۡمَلۡ صَالِحًـا يُّدۡخِلۡهُ جَنّٰتٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاۤ اَبَدًاؕ قَدۡ اَحۡسَنَ اللّٰهُ لَهٗ رِزۡقًا ١١
Расула-й ятлу ъалайкум айатиллаҳи мубаййинати-л лиюхриҷа-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-солиҳати мина-з-зулумати ила-н-нур. Ва ма-й юъмин биллаҳи ва яъмал солиҳа-й юдхилҳу ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа абада. Қад аҳсаналлоҳу лаҳу ризқо. 11.
11. Пайғамбареро фиристодааст, ки оятҳои Аллоҳро, ки равшананд, барои шумо мехонад, то ононеро, ки имон оварданд ва амали солеҳ кардаанд, аз торикиҳо ба сӯйи рӯшноиҳо барорад ва ҳар ки ба Аллоҳ имон орад ва амали солеҳ кунад, ӯро ба ҷаннатҳое, ки аз таҳти қасрҳои он ҷаннатҳо ҷӯйҳо ҷорӣ мегарданд, дарорад, (ва) дар он ҷаннатҳо ҷаннатиён ҳамеша ҷовидон бошанд, батаҳқиқ, Аллоҳ барои ӯ ризқро некӯ сохтааст.
Аллоҳтаъоло ба лутфу карами хеш бар мо миннат намуд, ки Расули акрам (с)-ро ба сӯйи мо-умматон фиристод. Хушбахтона ӯ (с) барои мо Қуръон хонд, сухани Худовандро расонд, ҳалолу ҳаром ва ҳаққу ботилро баён сохт, аз аҳкому аркони дини илоҳӣ хабар дод, то ки онҳоеро, ки имон овардаанд ва амали солеҳ намудаанд аз залолат ба сӯи ҳидоят, аз торикиҳо ба сӯи илму маърифат барорад.
Беҳтарини амали солеҳ он аст, ки инсон ба ягонагии Худованд бовар кунад ва дар роҳи ризои Аллоҳтаъоло амал кунад
Шахсоне, ки дорои ин сифатанд вориди Ҷаннат мешаванд. Он Ҷаннате, ки аз таҳти қасрҳои он рӯдҳо равонанд. Ва аҳли Ҷаннат ҷовидона дар он сукунат кунанд ва ҳаргиз намиранд. Ба таҳқиқ, ин неъмати бисёр олӣ аст, ки Аллоҳтаъоло ба ҷаннатиён дода аст. Зеро ризқи аҳли ҷаннат фаровону, гуногун ва тамомнашаванда аст.
Хулоса, аз торикиҳо вораҳидан, ба рӯшноиҳо расидан, яъне ба Ҷаннат муваффақ гаштан, ба василаи шинохтани Худованд бо ҷумлаи исмҳо ва сифатҳояш, пазируфтани Исломи азиз ва амал намудан тибқи фармудаи он ва пайравӣ кардан аз Расули Ӯ (с) муяссар мешавад. Баъдан, Аллоҳтаъоло ба қудрати беандозаи Худ ишора карда дар ояти зер гуфтааст, ки…:
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «