Сураи Талоқ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Талок Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Талоқ Ояти 10

اَعَدَّ اللّٰهُ لَهُمۡ عَذَابًا شَدِيۡدًا‌ ۙ فَاتَّقُوا اللّٰهَ يٰۤاُولِى الۡاَ لۡبَابِ ۖۚ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا ۛؕ قَدۡ اَنۡزَلَ اللّٰهُ اِلَيۡكُمۡ ذِكۡرًا ١٠

Аъаддаллоҳу лаҳум ъазабан шадӣда. Фа-т-тақуллоҳа йа ули-л-албаби-л-лазӣна аману. Қад анзалаллоҳу илайкум зикро. 10.

10. Аллоҳ барои онҳо азоби сахтро омода кардааст. Пас, эй соҳибони хираде ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Батаҳқиқ, Аллоҳ ба сӯйи шумо насиҳат (Китоб)-еро фуруд овардааст.

Дар ин оят Худованд фармудааст, ки шахсоне, ки зикрашон дар ояти қаблӣ гузашт дар дунё азобҳои сахтро чашиданд ва дар охират бошад азоби аз ин сахттари Ҷаҳаннам барои онҳо омодааст, ки он на муваққатӣ, балки ҷовидон аст.

Пас, эй муъминони соҳибхирад, аз ин барои худ хулосаи судманд бароред, Аллоҳтаъоло барои шумо Қуръонро нозил кардааст, ки ҳақро аз ботил ҷудо месозад ва барои шумо роҳнамову насиҳатгар аст. Ҳукми Худо ба василаи Қуръону Расули Ӯ (с) ба шумо маълум гардидааст. Фардо рӯзи қиёмат пеши Худованд далеле барои узрхоҳӣ шумо дигар намондааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Талоқ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)