Тафсири Сураи Талок Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ Ояти 12
اَللّٰهُ الَّذِىۡ خَلَقَ سَبۡعَ سَمٰوٰتٍ وَّمِنَ الۡاَرۡضِ مِثۡلَهُنَّ ؕ يَتَنَزَّلُ الۡاَمۡرُ بَيۡنَهُنَّ لِتَعۡلَمُوۡۤا اَنَّ اللّٰهَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ وَّاَنَّ اللّٰهَ قَدۡ اَحَاطَ بِكُلِّ شَىۡءٍ عِلۡمًا ١٢
Аллоҳу-л-лазӣ халақа сабъа самавати-в ва мина-л-арЗи мислаҳунна ятаназзалу-л-амру байнаҳунна ли таъламу анналлоҳа ъала кулли шай-ин қадӣру-в ва анналлоҳа қад аҳата би кулли шай-ин ъилмо. 12.
12. Худо он Зотест, ки ҳафт Осмонро офарид ва аз Замин монанди он (ҳафт қабат) офарид, ҳукми Худо дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоност ва албатта, ҳар чизро аз рӯйи илми Худ иҳота кардааст.
Худованд дар ин оят аз қудрати худ сухан карда, гӯфтааст, ки Ӯ Офаридгори ҳафт осмонҳо ва монанди онҳо аз Замин аст. Ҳукми Ӯ таъоло барои аҳли осмонҳо ва Замин ва ҳарчи дар миёни онҳо ҳаст, ҷараён дорад, зеро Аллоҳтаъоло соҳиби мулк, подшоҳи подшоҳон ва мураббии оламиён аст.
Ӯ Худоест бар ҳама чиз қодир ва ба илми Худ ҳама чизро иҳотакунанда. Худованд қудрати худро зикр кард, то мардум Ӯ таъолоро бишиносанд ва шариатеро, ки ба онҳо додааст бо азамату бузургияш бипазиранд ва сӯи ҷурму гуноҳ аз ҷумла “талоқи бидъат” гом набардоранд ва дар ин боб аз ҳудуди муайянкардаи Аллоҳтаъоло, ки дар ин сура шарҳу эзоҳ ёфт, таҷовуз накунанд.
Ҳар гуноҳе, ки аз банда сар мезанад, аз надонистани бузургии Парвардигору аз рӯйи ҷоҳилии банда аст. Фарди боимон ва соҳиби хирад тасдиқ дорад, ки Худованд якто буда, холиқи осмонҳо ва Замин ва кулли мавҷудот аст, ки ҳар мавҷуд ба тарзи худ Ӯро тасбеҳ мегӯяд.
Худовандест бар ҳама кор қодиру тавоно. Худовандест, олим ва илми Ӯ ҳама чизро фарогиранда ва иҳотакунанда, ки ҳеҷ коре ва ҳеҷ сирре аз Ӯ махфӣ намемонад.
Эзоҳ: Талоқи бидъат ин аст: агар мард яку якбора се талоқ диҳад, ё ду талоқ диҳад, ё як талоқ диҳаду бе раҷъа боз дуюм талоқро диҳад, ё дар ҳолати ҳайз занро талоқ диҳад, инҳо талоқи бидъатӣ шуда зан талоқ мешавад ва мард гунаҳкор мегардад. Дар замони Расулуллоҳ (с) марде зани худро яку якбора се талоқ дод. Пас, аз Расулуллоҳ (с) дар ин бора пурсид. Расули Худо (с) дар ғазаб шуда гуфт: “Оё ба китоби Худо бозӣ мекунед? Ҳоло ки ман байни шумо ҳастам!”.
Парвардигоро, аз лутфу карамат моро бонасиб гардон. Омин!…
Анҷоми тафсири сураи “Талоқ”. Валиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «