Сураи Талоқ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Талок Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Талоқ Ояти 3

وَّيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُ‌ ؕ وَمَنۡ يَّتَوَكَّلۡ عَلَى اللّٰهِ فَهُوَ حَسۡبُهٗ ؕ اِنَّ اللّٰهَ بَالِغُ اَمۡرِهٖ‌ ؕ قَدۡ جَعَلَ اللّٰهُ لِكُلِّ شَىۡءٍ قَدۡرًا ٣

Ва ярзуқҳу мин ҳайсу ла яҳтасиб. Ва ма-й ятаваккал ъалаллоҳи фа Ҳува ҳасбуҳ. Инналлоҳа балиғу амриҳ. Қад ҷаъалаллоҳу ли кулли шай-ин қадро. 3.

3. Ва аз он ҷое ба ӯ ризқ диҳад, ки гумон надорад. Ва ҳар кӣ бар Аллоҳ таваккул кунад, пас, Худо ӯро бас аст. Батаҳқиқ, Аллоҳ такмилкунандаи кори Худ аст. Батаҳқиқ, Аллоҳ барои ҳар чиз андоза гардонида аст.

Агар зан аз шавҳари худ 1-ё 2 талоқи раҷъи шуда бошад.

(Талоқи раҷъӣ он аст ки аз даҳони шавҳари худ номи 1 ё 2 талоқро мешунавад) ва иддаи ӯ наздик ба тамом шуданаст: шавҳари он зан яке аз ин ду роҳро дар ихтиёри худ дорад.

Роҳи аввал ин аст. Агар пеш аз тамом шудани муҳлати идда хоҳиши оштӣ бо занаш ва нигоҳ доштани никоҳаш пайдо шавад, мувофиқи шартҳое, ки шаръи шариф барои зану шавҳар муайян намудааст, ба он зан руҷӯъ карда, занро дар хонаи худ нигоҳ медорад ва никоҳи нав кардан лозим нест.

Роҳи дуюм ин аст: Агар мақсади зан кардани ӯро надошта бошад, пас, бимонад, ки иддааш тамом шавад. Бо тамом шудани идда талоқи раҷъӣ ба талоқи бойин табдил ёфта нафси зан ба ихтиёри худи зан мегардад.

Агар рафту мард баъди талоқи бойин (хоҳ он талоқ як бошад, хоҳ ду) аз раъяш баргашта, занашро нигоҳ доштанӣ шавад, таҷдиди никоҳи нав бо шоҳидон лозим аст.

Барои никоҳи нав ду шоҳид, маҳр ва ғайра лозим меояд. Хулоса, ҳанӯз идда тамом нашуда мард ба сӯи зан руҷӯъ кунад ё бигзорад, ки идда ба охир расида, бойин гардад ва хоҳад аз ӯ билкул ҷудо шавад, дар ҳарду сурат марду занро лозим аст, ки мувофиқи дастури шаръи шариф амал карда, бе зулми ҳамдигар ва бе резонидани обрӯи ҳамдигар ҳама корҳоро анҷом диҳанд.

Баъди талоқи раҷъӣ ва тамом шудани идда, агар мард хоҳад, ки руҷӯъ кунад, пас, ду шоҳиди одилро пайдо кунад ва ин амрро сомон диҳад, то боиси хурдагирии мардум қарор нагирад. Ҳангоми талоқ ҳозир будани ду шоҳиди одил ба манфиъати кор аст.

Аллоҳтаъоло фармудааст, ки шоҳидон барои ризои Худованд аз ҳар хел суханони пурпечутобу пардапӯш худдорӣ карда, сухани ростро ихтиёр карда, мутобиқ ба шаръи шариф шоҳидӣ диҳанд. Агарчи хешовандони яке аз ин зану шавҳар бошанд ҳам, бояд аз Худо тарсида, фақат ростиро шоҳидӣ бидиҳанд.

Инсони соҳибхирад аз ин панду андарз барои худ хулосаи зарурӣ бароварда метавонад. Ӯ дарк месозад, ки тамоми мардуми олам таҳти тасарруфи як Зоти Қаҳҳор қарор доранд. Ба ҳукми тақдир, як зани заифа зери тасарруфи ӯ қарор гирифтааст.

Шояд ӯро инсоф боло бигирад, ки чун башарият дар тобеияти Офаридгори оламу одам қарор доранд, аз ҷумла худи ӯ ва ҳамсари ӯ ва боз ҳамин Худованди кариму мутаъол ӯро бар завҷааш мусаллат (масъул) гардонидааст, пас, ба фармонбардории он Зоти пок ҳаракат намояд ва даст аз зулм, ба хоса аз зулми бонуяш боз бидорад.

Ин як таъкиди Аллоҳтаъоло ба соҳибони имон муъминони Худотарсу парҳезгор аст, ки онон ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд!

Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони ҷоҳилият занҳо аз ҳуқуқи худ маҳрум буда, назди мардон арзише надоштанд. Муносибат ба онҳо муносибат бо чорпоёнро мемонд. Занҳо садҳо маротиб талоқ мешуданд нафақаашон дода намешуд. Ба болои ин мавриди лату кӯб қарор гирифта ҳадди садо баланд карданро надоштанд.

Хулоса, ҷабру зулм ва хорию зорӣ насиби онҳо буд. Танҳо бо омадани Исломи адолатпарвар, нозил гардидани Қуръони маҷид алайҳи ин ваҳшигарӣ, бедодгарӣ ва нобаробарию беадолатӣ мубориза оғоз ёфт. Аз ҷумла, як масъалаи ниҳоят муҳимеро, ки барои занон таҳамулаш басо сангину вазнин буд, яъне масъалаи никоҳ ва талоқро Қуръони азимушшаън ба миён гузошта, ҳадду ҳудуд, қонуну қоидаашро муайян намуда, то андозае тавзеҳ дод.

Аз ҷумла, дар ҳамин сура, ки мавриди баррасии мову шумо қарор гирифтааст, дар ин боб дастуре дода шудааст, ки манфиъати ҳар ду тараф, яъне зану шавҳар ба инобат гирифта шуда ҳукми шаръии он пешниҳод гардидааст. Агар имрӯзҳо занон ба ҳаёт ва рӯзгори занони қарнҳои гузашта, аниқтараш пеш аз Ислом ошноӣ медоштанд ба Исломи азиз бо назари каҷ нигоҳ намекарданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Ҳамин Ислом буд, ки онҳоро аз зери бори беқадрӣ, беадолатӣ, ҷабру зулм ва хорию зорӣ, ки додрасе надоштанд, зери садҳо талоқ қарор мегирифтанду аммо ҳеҷ набуд, ки аз дасти мардон халос шаванд, берун оварда озодашон намуд.

Ҳамин Исломи азиз буд, ки онҳо ҳуқуқи худро шинохтанд, ҳастии худро дар ҷомеъа эҳсос намуданд. Ҳамин Исломи адолатхоҳ буд, ки барои ҷудо гардидан аз зан ҳуқуқи мардро муайян намуд, ки мувофиқи шаръи шариф додани талоқ аст аз як то се.

Баъд ин ихтиёр ба худи зан дода шудааст, ки дар сурати ба ҷо овардани фармудаи Қуръон ҳуқуқи комил дорад боз ба шавҳари дигар барояд ва ба шавҳари собиқаш ҳамчун ба як марди бегона муносибат намояд.

Инсони ҳушманд ва соҳиби ақлу фаросот, чи дар айёми сахтиҳо ва чи дар вақтҳои шодию нишоти зиндагӣ, бояд Худоро аз ёд набарорад, балки аз Ӯ таъоло тарсида, тибқи аҳкоми илоҳӣ амал намояд. Дар ин ҳолат ваъдаи Худованд аст, ки роҳи наҷот ва шароити маишатро барояш муҳайё месозад.

Ба ибораи дигар: Шахсе ҳудуд ва чаҳорчӯбаи муайян кардаи шаръи шариф ва илоҳиро риоя карда, нафсашро қурбони ҳукми Аллоҳтаъоло созад ва бо қазову қадар розӣ шавад он гоҳ Аллоҳтаъоло ба ӯ нишоту кушоиш ва аз ҳар гуна дармондагӣ наҷоташро фароҳам оварда, ризқу рӯзияшро аз ҷое мерасонад, ки интизораш нест ва илму амалаш ҳам онро дарк карда наметавонад.

Муҷоҳид овардааст, ки назди Ибни Аббос (р) нишаста будам, ки марде омад ва гуфт – “Ман зани худро 3 талоқ додам” ва сукут кард. Ман гумон кардам, ки Ибни Аббос бо ривояте занашро баргардонда ба ӯ медиҳад.

Аммо баъди андаке андеша Ибни Аббос (р.) гуфт: “Меравед ҳар яке аз шумо бар аҳмақии худ рукуб карда (саворшуда), кореро пайдо мекунеду баъд аз он омада ё Ибни Аббос, ё Ибни Аббос мегӯед!! Ва Худованд бошад, мегӯяд, ки шахсе битарсад аз Худованд, пайдо месозад барои ӯ халосгоҳе, шумо бошед аз Худо натарсидед, чунин кореро кардед, ман барои шумо халосгоҳу ривояти бозгардонидани зани 3 талоқатонро намеёбам! Назди Худованди худ осӣ шудаӣ ва занат бошад аз ту бойин гардидааст!”

Боз мегардем ба шарҳу тафсири ояти 3-юм: Муфассирини киром гуфтаанд, ки ҳарчанд ҳукми оят ом аст, вале он дар ҳаққи Авф бинни Молика Ашҷаъи нозил гардидааст. Ҳангоме ки писарашро мушрикон асир гирифтанд, назди Расули Худо (с) омад ва аз камбағалии худ шикоят карда гуфт: “Ё Расулаллоҳ писарамро мушрикон асир гирифтанд, модари ӯ барои писараш бисёр бетоқатӣ мекунад. Дар ин кор маро чӣ мефармоӣ?”. Расули Худо (с) ба ӯ гуфт: “Аз Худо битарсу сабр кун! Амр мекунам, ки ту ва ҳамсарат калимаи “Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим”-ро бигӯед!”. Авф ва ҳамсари ӯ ҳамчунон карданд. Муддати зиёде нагузашта боре дари хонаи Авфро касе тақ-тақ зад, чун Авф дарро кушоданд, писари худро ҳамроҳии сад уштур истода дид. Ӯ ин сад уштурро ҳангоми ғафлатзада будани душман аз онҳо рабуда, ба назди волидайнаш, ки аз камбағалӣ шикоят пеши Расулуллоҳ (с) бурда буданд, овард. Онҳо тавонгар шуданд. Пас, ояти “май яттақиллоҳа яҷъал лаҳу махраҷан ва ярзуқҳу мин ҳайсу ла яҳтасибу” нозил шуд.

Шахсе ба Аллоҳтаъоло бовариву эътимоди мустаҳкам дошта бошад ва дар ҳолати сахтӣ, ё ғайри он ба Худованд таваккал кунад, Худованд барои ӯ роҳи наҷотро барояш омода месозад. Бояд донист, ки бо сабабҳо кор кардан (яъне роҳҳои зоҳирии ҳалли мушкилотро ҷӯстан) хилофи таваккал нест. Зеро Худованд бандаро амр кардааст, ки корҳои худро бо сабабҳо анҷом диҳад, вале бар он эътимод насозаду дархосту таваккал ба Худо намеояд.

Ривояте аз Имом Тирмизӣ (р.) омадаааст, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) фармуданд: Агар шумо таваккал бар Аллоҳтаъоло кунед, чунин таваккале, ки (холи аз шакку шубҳа ва дудилагӣ бошад) ҳақиқатан таваккал бошад, албатта, ризқ пайдо мекунед ба мисли ризқ ёфтани паррандагоне, ки пагоҳӣ мехезанд (аз хоб) бо шиками холӣ ва ба бегоҳ мерасанд (ба лонаҳои худ) бо шиками сер.

Албатта, Аллоҳтаъоло қодир аст амри худро бар ҷамиъи халқи худ пиёда созад. Агар шудани чизеро ирода кунад, ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз гардонида наметавонад. Ҳар вақто банда дар ҳақиқат донист, ки ҷамиъи амрҳо дар қудрати Аллоҳтаъолост, аз дигар чиз эътимоди худро баргардонида, танҳо ба Худои ягона таваккал мекунад.

Аллоҳтаъоло барои кулли амрҳо хоҳ мушкилиҳо бошад, хоҳ осониҳо бо ҳикмати худ вақт, андоза, миқдор ва ҳудуди муайян пешбинӣ кардааст., Валлоҳу аълам.

Ояти зер масъалаи занони ҳайз нобинандаро зикр месозад.

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Талоқ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)