Тафсири Сураи Талок Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ Ояти 4
وَالّٰٓـىٴِۡ يَٮِٕسۡنَ مِنَ الۡمَحِيۡضِ مِنۡ نِّسَآٮِٕكُمۡ اِنِ ارۡتَبۡتُمۡ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلٰثَةُ اَشۡهُرٍ وَّالّٰٓـىٴِۡ لَمۡ يَحِضۡنَ ؕ وَاُولَاتُ الۡاَحۡمَالِ اَجَلُهُنَّ اَنۡ يَّضَعۡنَ حَمۡلَهُنَّ ؕ وَمَنۡ يَّـتَّـقِ اللّٰهَ يَجۡعَلْ لَّهٗ مِنۡ اَمۡرِهٖ یُسْرًا ٤
Ва-л-лаи яисна мина-л-маҳӣЗи мин-н нисаикум иниртабтум фа ъиддатуҳунна саласату ашҳури-в ва-л-лаи лам яҳиЗн. Ва улату-л-аҳмали аҷалуҳунна ан яЗаъна ҳамлаҳунн. Ва ма-й яттақиллоҳа яҷъал лаҳу мин амриҳӣ юсро. 4.
4. Ва, агар занони шумо аз ҳайз ноумед шуданду, ба шубҳа афтодед, пас, иддаи онҳо се моҳ аст ва ҳамчунон аст заноне, ки ҳайз намебинанд. Ва иддаи занони ҳомиладор ин аст, ки ҳамлашонро бизоянд. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, Худо барои ӯ дар кораш осонӣ падид орад.
Худованди таборак ва таъоло иддаи зани ҳайзбинандаро дар сураи “Бақара” се ҳайзи комил баён намуд. Аммо на ҳама зан ҳайзбинанда аст, пас дар нисбати онҳо чӣ ҳукме чорӣ шуд? Ояти фавқуззикр мегӯяд, ки иддаи занони калонсоле, ки аз ҳайз дидан ноумед шудаанд, яъне ҳайз намебинанд, баъди талоқ се моҳ аст.
Риояи иддаи мазкур ба мисли риояи иддаи занони ҳайзбин ҳатмист. Баъди се моҳи идда нафси он зан ба ихтиёри худаш вогузошта мешавад. Ҳар як моҳ ба ҳукми як ҳайз аст. Инчунин заноне, ки аз ҷиҳати хурдсоли ё ба сабаби он, ки синну солашон ба балоғат расидаасту ҳайз намебинанд, иддаашон низ ҳамин се моҳ аст.
Иддаи занони ҳомиладори талоқшуда ва ё шавҳарашон фавтшуда то таваллуд кардани ҳамл илова боз гузаштани 40-рӯзи дигар аст. Баъди ин бар нафси худ ихтиёр доранд. Бигзор вазъи ҳамлашон баъди як дақиқа шавад, ё баъди 8-9 моҳ шавад. Ин ҳукмҳо дар ҳадисҳо сароҳатан зикру тафсил ёфтаанд.
Ҳар касе аз Худо дар гуфтору рафтораш тарсида аз ҳукмҳои ҳаромкардаи Аллоҳтаъоло парҳез кунад, Худованд мушкилашро осон намуда ба кори хайр муваффақаш мегардонад. Он чи дар боби идда дар боло гуфтем, ҳалол ва ҳар ки аз ин ҳудуди муайянкардаи Аллоҳтаъоло таҷовуз кунад, ҳаром воқеъ мешавад.
Мутаассифона, имрӯзҳо чунин ба назар мерасад, ки зани сеталоқаро ҳанӯз иддааш тамом нашуда, бо нияти ҳалола дар як рӯз ба шавҳари нав дода никоҳ ва талоқаш намуда, боз ба шавҳари аввалааш боз мегардонанд. Ин амал мутлақо ҳарому нодуруст аст. Зеро Расулуллоҳ (с) марди ҳалолкунанда ва мардеро, ки зани худро ба нияти ҳалола кардан додааст лаънат хондааст.
Тариқаи ҷоизияш ин аст, ик зани сеталоқашуда, чунон ки дар баёни идда зикр кардем метавонад бо никоҳи саҳеҳ ба шавҳар барояд. Баъди талоқи шавҳари дуюм ва гузаштани муддати иддаи нав метавонад ба шавҳари аввалааш боз гадад. Ба ғайри ин сурати баёншуда бо сабаби никоҳ зани се талоқа дар ин муддати кӯтоҳ асло ҳалол намегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «