Сураи Талоқ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Талок Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Талоқ Ояти 9

فَذَاقَتۡ وَبَالَ اَمۡرِهَا وَكَانَ عَاقِبَةُ اَمۡرِهَا خُسۡرًا ٩

Фа зақат вабала амриҳа ва кана ъақибату амриҳа хусро. 9.

9. Пас, сазои амали худро чашиданд ва оқибати корашон ба зиён шуд.

Ҳар касе аз ҳукми Офаридгори худ сар мепечад ва аз Расули Ӯ (с) нофармонбардорӣ мекунад, аз он ҷумла шахсоне, ки дар додани нафақа ба азвоҷи худ аз ҳудуди муайянкардаи Аллоҳтаъоло таҷовуз мекунанд, бояд умматони гузаштаро ба ёд биёранд, ки бар сари онҳо чӣ гуна муомила шуда гузашт.

Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ба муъминон бирасон, ки умматоне пеш аз шумо буданд ба Худованд ва фиристодагони Ӯ нофармонбардорӣ карданд ба ин хотир ба онҳо ба сахтӣ ҳисобӣ карда шуд ва мубталои азобҳои шадид ба мисли қаҳтӣ, гуруснагӣ, тарки диёр, нестшавӣ ва ғайра гардиданд, ки онро ҳеҷ интизор набуданд ва тасаввур ҳам намекарданд.

Хулоса, онҳо дар ивази он саркашие, ки аз амри Худованд доштанд, азоби дарднокро чашиданд, ахиран дар сафи зиёнкорон қарор гирифтанд. Чун онҳо умри худро дар роҳи нофармонбардории Аллоҳтаъоло ва фиристодаи Ӯ сарф намуда, аз зиндагии хеш барои охирати худ баҳрае набардоштанд, онҳо зиён (зарар)-дида набошанд, кӣ бошад?

Дар ояте, ки дар боло зикр шуд, аз азобе, ки дар ин дунё ба сари гумроҳон омада буд сухан рафт. Дар охират чӣ? Ояти зер ба ин савол посух медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Талоқ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)