Тафсири Сураи Тавба Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 10
لَا يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ ١٠
Ла ярқубуна фӣ муъминин илла-в ва ла зиммаҳ. Ва улаика ҳуму-л муътадун. 10.
10. Дар бораи ҳеҷ муъмине на ҳаққи хешовандиро ва на аҳдро риъоя намекунанд. Ва онҳо аз ҳад таҷовузкунандагонанд.
Ояти мазкур бори дигар гуфтаҳои қаблиро таъкид кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки мушрикон, агар даст ёбанд, дар бораи ҳеҷ муъмин камтарин мулоҳиза ва ҳатто фикри хешовандиро дар сар ҷой намедиҳанд ва ҳеҷ аҳдеро риоя намекунанд. Онҳо бо дигарон аҳду паймонро риоя мекунанд, аммо аслан онҳо, ки гурӯҳи таҷовузкоранд ва бо мӯъминҳо зиддияти шадиди ақидави доранд, бо ёрони Расулалоҳ (с) ва дигар муъминон дар аҳди худ вафо нишон намедиҳанд. Чӣ гуна метавон шахсонеро, ки дорои чунин сифатанд, амин ҳисобид ва чи гуна мусалмонон ба онҳо боварӣ кунанд? Ҳарчанд чунин бошад ҳам, ҳолатҳое мешавад, ки мусалмонҳо онҳоро, чуноне ки ояти зер ишора кардааст, мебахшанд ва онҳоро ба оғӯш кашида, ба бародарӣ қабул мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «