Сураи Тавба Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 11

فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ ۗ وَنُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ ١١

Фа ин табу ва ақому-с-салата ва атаву-з-заката фа ихванукум фи-д-дӣн. Ва нуфассилу-л-айати ли қавми-й яъламун. 11.

11. Пас, агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд, пас бародарони динии шумоанд. Ва Мо барои қавме, ки медонанд, оятҳоро равшан баён мекунем.

Ояти мазкур мушриконро ба роҳи дуруст фаро хонда фармудааст, ки агар мушрикон тавба кунанд ва аз парастиши бутҳо даст кашанду ба ваҳдонияти Аллоҳ ва ба барҳаққ будани Расули Аллоҳ гувоҳӣ диҳанд, намозро барпо доранд ва закоти молашонро диҳанд, дар гузашта шуморо ҳарчанд ҷабру зулм карда бошанд ҳам, мавриди афв қарор мегиранд. Пас аз он дигар байни шумо душманӣ нест, онҳо бародарони динии шумоанд. Он чи ки ба фоидаи шумост, ба фоидаи онҳост, он чи, ки бар зарари шумост, бар зарари онҳо низ ҳаст. Яъне баъди имон овардан мусалмонҳоро ҳалол нест, ки алайҳи онҳо биҷанганд. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки эшон фармуданд: «Ояти мазкур бо аҳли намоз ҷангидану резондани хуни мусалмонҳоро ҳаром гардондааст».

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки мо оятҳои худро барои гурӯҳе, ки аҳли хираданд, равшан баён мекунем, пас бояд дар оятҳои мо бо тааммул андеша кунанд. Абӯбакри Сиддиқ (р) бо такя ба ин ва дигар оятҳои мисли он, бар зидди гурӯҳе, ки аз закот додан даст кашиданд, муборизаи беамон бурд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)