Тафсири Сураи Тавба Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 9
اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ ٩
Иштара-в би айатиллаҳи саманан қалӣлан фа садду ъан сабӣлиҳ. Иннаҳум саа ма кану яъмалун. 9.
9. Оятҳои Аллоҳро ба қимати андак фурӯхтанд, пас, (мардумро) аз роҳи Аллоҳ манъ карданд. Ҳамоно кори бадест, ки онҳо мекарданд.
Ояти қаблӣ мушриконеро, ки аҳдшиканӣ карданд, фосиқ хонд. Ҳоло ояти мазкур умуман мутобиқ ба ҳар давру замон нишонаи дигаре аз фосиқонро баён карда, таҳти ваъид (ваъдаи ҷазо) қарор додаст. Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки чӣ гуна ба аҳди мушрикон вафо шавад, ки онҳо бисёре аз оятҳои Қуръонро, ки барои риояи аҳду паймон нозил шудаанд, нодида гирифтанду бо андак матоъ ва баҳои ночизи дунёи гузаро фурӯхтанд, аз роҳи ҳаққу ҳидоят рӯй тофтанд, мардумро низ аз чунин роҳи саодат боз доштанд. Онҳо чунон кори бадеро анҷом доданд, ки ҳам худро аз роҳи ҳидоят маҳрум сохтанд ва ҳам дигаронро.
Онҳо худро чӣ гуна хирадманд меҳисобанд, ки ҳам бори гуноҳи худро бар дӯш гирифтаанду ҳам бори гуноҳи дигаронро?
Одати номардумии мушрикони аҳдшиканро такроран ояти зер баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «