Тафсири Сураи Тавба Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 103
خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ١٠٣
Хуз мин амвалиҳим садақатан тутаҳҳируҳум ва тузаккӣҳим биҳа ва салли ъалайҳим. Инна салатака сакану-л лаҳум. Валлоҳу Самӣъун Ъалӣм. 103.
103. Аз молҳои онҳо закотро бигир, то онҳоро пок созӣ ва бо он садақа онҳоро бо баракат кунӣ ва барои онҳо дуои хайр кун! Бе шак, дуои ту барои онҳо таскин аст ва Аллоҳ шунаво ва доност.
Сабаби нозил шудани ин оятро Ибни Ҷарир (р) аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: “Вақто ки Расулаллоҳ (с) Абулубоба ва шариконашро аз сутуни масҷид кушоданд, онҳо ҳамчун шукрона тамоми молашонро назди Расулаллоҳ (с) ҳозир карда гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ, ин молҳои моро гиру аз номи мо ба касе мехоҳӣ, садақа кун ва дар ҳаққи мо дуо куну моро пок соз! Расулаллоҳ (с) гуфтанд: «То амри Худо нашавад, ман аз инҳо ҳеҷ чизеро гирифта наметавонам». Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд. Сипас Расулаллоҳ (с) қисме аз молҳои онҳоро гирифт ва аз номи онҳо садақа кард. Чун онҳо ин амали Расулаллоҳ (с)-ро диданд, тавбаамон қабул шуд гуфта, дилҳояшон шод шуд. Оре! Эътироф ба гуноҳи худ тавба аст. Баъди тавба тамоми моли худро дар роҳи ризои Аллоҳ садақа додан таъкиди эътироф ба гуноҳ аст. Дар ҷумлаи охири оят омадааст, ки Алоҳтаъоло шунавову доност. Албатта, инсони гунаҳгор ба гуноҳи худ иқрор кунад, бо пушаймонӣ дуо кунад ва инчунин Пайғамбар (с) дар ҳаққи чунин шахс дуъо кунад, Аллоҳтаъоло дуои ӯро мешунавад ва андӯҳу пушаймоние, ки дар дил бо сабаби гуноҳ дорад, Аллоҳ медонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «