Тафсири Сураи Тавба Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 128
لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ ١٢٨
Лақад ҷаакум расулу-м мин анфусикум ъазӣзун ъалайҳи ма ъаниттум ҳарӣсун ъалайкум би-л-муъминӣна Рауфу-р Раҳӣм. 128.
128. Батаҳқиқ, Расул аз худи шумо ба шумо омадааст, ранҷҳои шумо бар вай хеле душвор аст, барои ҳидояти шумо ҳарис аст ва нисбати муъминон меҳрубону раҳим аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят рӯйи суханро ба таври умум, ба мардум гардонида, якчанд сифатҳои Расулуллоҳ (с)-ро баён намуда ба онҳо хитоб кардааст, ки ай мардум, ин Пайғамбар (с)-е, ки ҳоло байни шумост, аз дигар ҷой наомадааст ё аз осмон нафаромадааст, балки яке аз афроди шумост, ки байни шумо зиндагонӣ дошт ва ӯро ба хубӣ мешиносед. Ин шарафу обрӯйи шумост, бояд шумо шоду хурсанд шуда ба чунин Пайғамбар (с) пайравӣ ва аз ӯ (с) итоъат кунед. Зеро ӯ (с) барои шумо доимо сабукӣ ва осониро хоҳон аст. Асло ӯ (с) намехоҳад, ки шумо дар машаққатҳо ва дар нороҳатиҳо бошед. Ӯ (с) нисбат ба ҳар гуна зиёну зараре, ки ба шумо мерасад, бетафовут набуда, ба шиддат барои шумо ранҷ мекашад. Ӯ (с) ташнаи он аст, ки шумо саодатманди дунё ва охират бошед. Ӯ (с), барои муъминон чунон раҳмхору чунон меҳрубон аст, ки мисли ӯ (с) дар дунё касе нест, ки чунин сифат дошта бошад. Пас, шуморо чӣ шуд, ки ҳамроҳи ӯ (с) ба ҷиҳод намехезед ва ба ӯ (с) ҳамроҳ намешавед? Ҳар гуна дастури тоқатфарсоеро диҳад ҳам (чун гузаштан аз саҳроҳои тӯлонӣ дар фасли тобистон ва ҳавои сӯзон бо гуруснагӣ ва ташнагӣ, чунон ки ин воқеа дар ғазои Табук рух дод), ин ҳама барои он аст, ки то шумо аз чанголи зулму ситам ва гуноҳ наҷот ёбед. Аз рӯйи назари тартиби нузули оятҳои қуръонӣ, назди Убай ибни Каъб (р) ояти мазкур аз ҷумлаи оятҳои охирон нозилшудаи Қуръон аст. Мазмуни ояти 164, сураи “Оли Имрон” ва оятҳои 215-216 ва 217-и сураи “Шуъаро” мазмуни ояти мазкурро таъкид мекунанд ва ҳар кадом дар ҷойи худ, иншоаллоҳ, эзоҳ мешаванд.
Ояти охири ин сура хитоб ба Пайғамбар (с) аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «