Тафсири Сураи Тавба Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 129
فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ ١٢٩
Фа ин таваллав фа қул ҳасбияллоҳу ла илаҳа илла Ҳува ъалайҳи таваккалту ва Ҳува Раббу-л-Ъарши-л-ъазӣм. 129.
129. Пас, агар аз имон рӯй гардонанд, пас бигӯ: «Аллоҳ маро басанда аст, нест шахсе сазовори ибодат магар Ӯ. Бар Ӯ таваккул кардам, Вай Худованди Арши бузург аст.
Аллоҳтаъоло дар охирин ояти сураи “Тавба” Ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда фармудааст, ки эй Пайғамбари Мо, аз саркашиҳо ва дилсардиҳои мардум нигарон мабош! Агар шахсони ба сӯйи дин даъватшаванда аз ин дини ҳақ рӯй гардонида, онро қабул накунанд, ба онҳо бигӯ, ки Аллоҳ барои ман басанда аст. Агар ҳамаи шумо рӯй гардонед ҳам, ягон зарра зиёне нест. Рафту шумо рӯй гардонидед, аз байни осмону Замини он Худое, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест, ба куҷо фирор карда метавонед? Ман ҳамаи корҳоямро ба чунин Зот вогузор карда, таваккал кардам, ки Ӯ Парвардигори Арши бузург аст.
Поёни сураи Тавба.
Валиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «