Тафсири Сураи Тавба Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 22
خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ ٢٢
Холидӣна фӣҳа абада. Инналлоҳа ъиндаҳу аҷрун ъазӣм. 22.
22. Дар онҳо ҳамеша ҷовидон бошанд. Бе шак, аҷри бузург назди Аллоҳ аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят таъкидан муждаи худро барои шахсоне, ки сифаташон дар ояти қаблӣ гузашт, идома дода гуфтааст, ки барои шахсоне, ки барои ризои Аллоҳ ва Расули Ӯ тарки хонаву молу диёр карда, бо молу ҷон дар роҳи ризои Аллоҳ ҷиҳод карданд, аз ватанашон дида ватани беҳтар ва аз хонаашон дида, хонаҳои беҳтар қасру кӯшкҳо дар Ҷаннат дода мешавад. Онҳо дар он ҷо бо камоли осоиш, то абад зиндагии бардавом хоҳанд кард. Ҳаргиз дигар касе онҳоро бо ҳиҷрат ҷабр карда наметавонад. Илова бар ин, боз назди Аллоҳтаъоло подошҳои бузурге ҳаст. Ин подошҳо дар баробари амалҳои солеҳашон ба онҳо бахшида мешавад ва дигар мукофотҳои иловагиеро, ки онҳо соҳиб мешаванд, Аллоҳ медонад.
Оятҳои зер сифати шахси муъмини ҳақиқиро баён мекунанд. Шахси муъмин барои нигоҳ доштани диёнати худ бояд ҳама амалҳояшро холисона барои ризогии Аллоҳ иҷро кунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «