Сураи Тавба Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 21

يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَةٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ ٢١

Юбашшируҳум Раббуҳум би раҳмати-м минҳу ва риЗвани-в ва ҷаннати-л лаҳум фӣҳа наъӣму-м муқӣм. 21.

21. Парвардигорашон онҳоро ба раҳмате аз ҷониби Худ ва ризомандӣ ва Ҷаннатҳое мужда медиҳад, ки барои онҳо дар он ҷо неъматҳо доимӣ бошад,

Аллоҳтаоло дар ин оят шахсонеро, ки имон оварданд, аз ватани худ ҳиҷрат карданд ва бо молу ҷони худ дар роҳи ризои Ӯ ҷиҳод карданд бо се мукофоти бузург муждаи сарфарозӣ додаааст. Аз он ҷумла гуфтааст, ки башорат бод барои шахсоне, ки имон оварданд, онҳо аз раҳмати Мо баҳраманд мешаванд. Оре! Ягона мақсади олии касе, ки худро бандаи Худо мешуморад, он аст, ки коре кунад, ки лоиқу сазовори раҳмати илоҳӣ гардад. Пас, шахсоне, ки имон надоранд, аз раҳмати Аллоҳ маҳруманд. Дувум мукофоти бузург барои шахсоне, ки дорои он се сифатанд, ин аст, ки онҳо хушнудӣ ва ризомандии Аллоҳро бо сабаби ҳиҷрат ё дигар амалҳои солеҳ дар ёфтаанд. Ин ҳам баландтарин мақомӣ бандагист. Башорати савум барои онҳо ин аст, ки ба таври доимӣ боғҳое аз Биҳишт дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад, ки сифати неъматҳои он аз тасаввури инсон берун аст. Муждаҳо барои шахсони номбурда дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)