Сураи Тавба Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 27

ثُمَّ يَتُوبُ اللَّهُ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ ٢٧

Сумма ятубуллоҳу мин баъди залика ъала ма-й яшаъ. Валлоҳу Ғафуру-р-Раҳӣм. 27.

27. Сипас, Аллоҳ баъд аз ин аз ҳар шахсе ки хоҳад, тавбаро мепазирад ва Аллоҳ бахшояндаву меҳрубон аст.

Ояти мазкур ба имон овардани қабилаи Ҳавозан ишора карда, гуфтааст, ки Худованд омурзандаву меҳрубон аст. Ҳеҷ гоҳ дарҳои тавбаро ба рӯйи касе напӯшидааст. Тавбаи касеро, ки шоиста бинад, қабул мекунад ва аз раҳмати густурдаи Худ касеро навмед намегардонанд. Пас аз ин воқеа, касе ки аз қабилаи Ҳавозан буду имон овард, имону тавбааш қабул шуд. Аллоҳтаъоло қабули исломро дар дили боқимондаи онҳо илҳом кард. Бо гузаштани бист рӯз ҳамаи онҳо бо хилъати (либоси) ислом ба мулоқоти Расулуллоҳ (с) шитофтанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)