Тафсири Сураи Тавба Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 26
ثُمَّ أَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَنْزَلَ جُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا وَعَذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ ٢٦
Сумма анзалаллоҳу сакӣнатаҳу ъала расулиҳӣ ва ъала-л-муъминӣна ва анзала ҷунуда-л лам таравҳа ва ъаззаба-л-лазӣна кафару. Ва залика ҷазау-л-кафирӣн. 26.
26. Пас, Аллоҳ таскини худро бар Расули Хеш ва бар муъминон фурӯ фиристод ва лашкарҳое, ки онҳоро надида будед, фурӯ фиристод ва ононеро, ки кофир шуданд, азоб кард ва ҳамин аст ҷазои кофирон.
Баъди шикасти муваққатӣ, Аллоҳтаъоло як оромиеро аввалан ба Расулуллоҳ (с) ва шахсоне, ки атрофи ӯ (с) буданд, фиристод, ки онҳо дар ҷойи худ собит монданд. Сипас Расулуллоҳ (с) гуфт: «Ай мардум! Пайғамбар будани ман дурӯғ нест. Ман писари Абдулмуталлибам. Эй бандагони Аллоҳ, ман Расули Аллоҳам, бо мо бипайвандед!» Ин суханҳоро бо овози баланд чандин маротиба такрор карданд. Баъдан Расулуллоҳ (с) амаки худ, Аббос (р)-ро, ки овози баланд дошт, фармуд: «Эй соҳибони дарахт!» гуфта фарёд кун!» (Соҳибони дарахт гурӯҳе, ки дар ҳодисаи сулҳи Ҳудайбия зери сояи дарахте бо Расулуллоҳ (с) байъат карда буданд). Чун Аббос (р): «Эй соҳибони дарахт!» гуфта фарёд кард, ҳама лашкар лабайк гӯён (шутури касе, ки ба пеш рафтан ҳаракат накард, соҳиби он ҷавшан пӯшиду пиёда) ба тарафи Расулуллоҳ (с) омаданд. Вақто ки онҳо ҷамъ шуданд, Расулуллоҳ (с) бо як ҳамлаи дастҷамъӣ амр намуд. Бо шунидани ин суханҳо дар дили, ҳам саҳобагони назди Расулуллоҳ (с) ва ҳам ақибнишастагон, як хотирҷамъие ба вуҷуд омад ва тарсу ваҳм аз дили онҳо дур шуд. Ҳамзамон Аллоҳтаъоло сипоҳиёнеро, ки онҳоро мусалмонҳо намедиданд, яъне фариштагонро фиристод. Ин ҳам оромии дили онҳоро зиёд кард ва сабаби пайдо шудани ҷуръати нави онҳо алайҳи душман шуд. Ҳама бо ҳам таҳти фармони Расулуллоҳ (с) алайҳи душман ҳамла карданд. Душман ба шикаст рӯ овард, ҳама молҳо ва зану фарзандҳое, ки ҳамроҳи худ оварда буданд, аз даст доданд. Баъзе аз лашкари душман кушта шуда баъзеи онҳо асир афтод.
Дар давоми оят ишора шудааст, ки ин аст ҷазои кофирони таҷовузгар. Соҳиби «Сафвату-т- тафосир» аз Табарӣ дар ҷузъи 10-ум, саҳифаи 103-юм, ривоят кардааст, ки аз Барро ибни Озиб пурсида шуд, ки Расулуллоҳ (с) рӯзи Ҳунайн дар чӣ ҳолат қарор дошт? Барро гуфт: «Ман шоҳидӣ медиҳам, ки Расулулоҳ (с) ба ҳеҷ тараф фирор накард. Дидам, ки аз хачири сафеди худ фаромад, Абӯсуфён лаҷоми ӯро дошт, Расулуллоҳ (с) қабзаи хокеро гирифту дар он дамид ва ба тарафи душман пошид, ҳама душман ба молидани чашмҳои худ овора шуданд».
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «