Сураи Тавба Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 28

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَٰذَا ۚ وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ إِنْ شَاءَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ ٢٨

Йа айюҳа-л лазӣна аману иннама-л-мушрикуна наҷасун фа ла яқрабу-л-Масҷида-л-ҳарома баъда ъамиҳим ҳаза. Ва ин хифтум ъайлатан фа савфа юғнӣкумуллоҳу мин фаЗлиҳи ин шаъ. Инналлоҳа Ъалӣмун ҳакӣм. 28.

28. Эй шахсоне ки имон овардаед, ҷуз ин нест, ки мушрикон палиданд, пас, ба Масҷиду-л-ҳаром баъди ҳамин солашон (дигар) наздик нашаванд. Ва агар аз дарвешӣ метарсед, пас, ба зудӣ, Аллоҳ агар хоҳад, ба фазли Худ шуморо ғанӣ месозад. Ҳаройина, Аллоҳ доно ва соҳиби ҳикмат аст.

Шоёни зикр аст, ки чун Расулуллоҳ (с) Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро, чуноне ки дар оятҳои аввали ҳамин сура гузашт, амири ҳоҷиён таъин кард, баъдан чанд ояте аз ин сураро ба Алӣ (к) супурд, ки раваду байни мардуме, ки барои Ҳаҷ омадаанд, эълон кунад. Он сол соли нуҳуми ҳиҷрӣ буд. Яке аз он оятҳои эълонкардаи ҳазрати Алӣ (к) ҳамин ояти 28-ум аст. Аллоҳтаъоло дар он ба мардуми имондор мартабаи мушрикҳоро баён карда, нидо кардааст, ки ай касоне ки имон овардаед, мушрикҳо наҷас (нопок)-анд баъди ин сол (соли 10-уми ҳиҷрӣ) ба Масҷидулҳаром асло наздикӣ накунанд. Яъне ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки мутобиқи ойини мушрикии худ, ки (аз рӯйи маъно) нопоканд Ҳаҷ ё Умра кунанд. Сабаби нузули ояти мазкурро чунин гуфтаанд, ки дар маросими Ҳаҷ, ё Умра мушрикон бо ашёи тиҷоратӣ ё ғизоӣ вориди Макка мешуданд. Инро сабаби фаровонии ризқу рӯзии аҳли Макка мегуфтанд. Вақто ки қисми ояти мазкур барои манъи онҳо нозил шуд, шайтон дар дили мусалмонҳои онҷобуда тарси фақру гуруснагиро васвос кард. Ҳамоно буд, ки қисми дувуми ояти мазкур нозил шуд. Дар он Аллоҳтаъоло фармуд, ки агар шумо бими фақру гуруснагӣ дошта бошед, Аллоҳтаъоло бихоҳад ба зудӣ аз фазли Худ шуморо бо роҳҳои писандида тавонгар мегардонад. Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки ҳамоно Худованд донову ҳаким аст. Оре! Худованд ҳар дастуре, ки диҳад, барои маслиҳату фоидаи бандагон аст. Он ҳикмате аз ҳикматҳои Ӯст. Зеро Ӯ таъоло аз натиҷаи ояндаи бандагони Худаш комилан огоҳ аст.

Икрима (р) гуфтааст, ки баъди эълони ояти мазкур Аллоҳтаъоло мусалмононро бо боронидани боронҳои пай дар пай ва рӯёнидани сабзаҷот, ҳосилхез сохтани заминҳо, Ислом овардани қабилаҳои араби атроф, ки ҳамроҳи ашёи мавриди ниёзи мардум вориди Макка мешуданд ва бо молҳои ғанимату муфт ва ҷамъоварии ҷизя тавонгар сохт.

Бо нозил шудани ҳамин оят он масъалаҳое, ки ба муомилаи байни ҷамъияти исломӣ ва мушрикон тааллуқ дошт, ба охир расид. Дар ояти баъдӣ он алоқа ва муомилае, ки мусалмонҳо бо аҳли китоб доранд, баён гаштааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)