Сураи Тавба Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 3

وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ ۚ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ٣

Ва азанум миналлоҳи ва расулиҳи ила-н-наси явма-л ҳаҷҷи-л-акбари анналлоҳа бариу-м мина-л-мушрикӣна ва расулуҳ. Фа ин тубтум фа ҳува хайру-л-лакум. Ва ин таваллайтум фаъламу аннакум ғайру муъҷизиллаҳ. Ва башшири-л-лазӣна кафару би ъазабин алӣм. 3.

3. Ва аз Аллоҳ ва Расули Ӯ ба сӯйи мардум ба рӯзи ҳаҷҷи Акбар эълом аст, ки батаҳқиқ, Аллоҳ ва Расули Ӯ аз мушрикон безор аст. Пас, агар аз куфр тавба намоед, он тавба барои шумо хайр аст. Ва агар (аз Ислом) рӯй гардонидед, пас бидонед, ки батаҳқиқ, шумо оҷизкунандагони Аллоҳ нестед. Ва он касонеро, ки кофир шуданд, аз азоби дарднок мужда деҳ.

Хулоса, чуноне ки дар муқаддима гузашт, Алӣ (к) 10-ояти ин сураро барои фаҳмонидани мардум бо худ оварда буд ва то чанде метавонист, ҳаддалимкон эълони Худо ва Расули Ӯ (с)-ро ба мардуми ба Ҳаҷ омада мерасонд. Ҳатто рӯзи Ҳаҷҷи Акбар яъне рӯзиҳои 8-9-10-ум дар Мино ва дар Арафот бо таври умум ва бо овози баланд гуфтанд, ки ай мушрикон, аз тарафи Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) бе ягон ихтисоси қавм ё гурӯҳ, дар ин рӯзи Ҳаҷҷи Акбар барои шумо эълон ин аст, ки Аллоҳтаоло аз шумо ва аз аҳду паймони шумо безор аст ва Расули Ӯ (с) ҳам безор аст. Пас, агар шумо дар ин муддат (4-моҳ) аз куфру ширк тавба намуда ба сӯйи дини Ислом, ки он дини яккахудоӣ ва яктопарастист, боз гардед, барои шумо беҳтару хубтар аст. Агар дар куфри худ боқӣ бимонед, инро бояд бидонед, ки хоҳ дар макони худ истеду хоҳ не дар иҷрои ҳукме, ки Аллоҳтаоло барои шумо ирода кардааст, Ӯ таъолоро оҷиз гардонида наметавонед. Дар ҷумлаи охир барои истеҳзои мушрикон гуфтааст, ки ай касоне, ки кофир шудаед, барои шумо «хушхабар» ин аст, ки азоби дарднок дар интизори шумост. Оре! Фармони Худо қатъист, касоне, ки дар муддати ин 4-моҳ имон наоварданд, мубориза алайҳи онҳо аз тарафи мусалмонҳо оғоз шуд. Акнун чанд сухан дар маънои Ҳаҷҷи Акбар.

Назди аксари уламо Ҳаҷҷи Акбар Ҳаҷҷи фарзӣ ва Ҳаҷҷи Асғар Ҳаҷҷи Умра аст.

Вақто ки Ибни Сиринро аз Ҳаҷҷи Акбар пурсиданд, ӯ (р) гуфт: Ҳаҷҷи фарзие, ки ба рӯзи Ҳаҷҷи фарзии Расулуллоҳ (с) рост ояд, он ҳаҷро Ҳаҷҷи Акбар гӯянд. Ибни Ҷарир бо асноди саҳеҳ аз Абдурраҳмон ибни Абӯбакр ва ӯ аз падари худ ривоят кардааст, ки падараш гуфтааст: “Вақто ки он рӯз расид, Расулуллоҳ (с) болои уштури худ нишастанд ва мардум лиҷоми онро дар даст гирифтанд, пас Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ин рӯз кадом рӯз аст?” Абӯбакр (р) гуфтааст, ки мо бо гумоне ки номи дигареро барои ин рӯз мегузорад, сукут кардем. Пас, Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Оё ин рӯз, рӯзи Ҳаҷҷи Акбар нест?”

Назди Имом Молик рӯзи Ҳаҷҷи Акбар рӯзи иди Қурбон, яъне рӯзи 10-ум аст. Назди Имоми Аъзам ва Имом Шофеъӣ рӯзи Арафа, яъне рӯзи 9-уми зулҳиҷҷа аст. Валлоҳу аълам.

Он чаҳор моҳе, ки ҳазрати Алӣ (к) барои мушрикон муҳлат эълон кард, то дар ин рӯзҳо худро омода созанд, чунин буд: аз рӯзи 20-уми зулҳиҷҷа оғоз шуда, моҳи муҳарам, моҳи сафар ва рабиъул-аввал пурра ва 10-рӯзи рабиъул-охирро дар бар мегирад, ки ҷамъулҷамъ 4 моҳ аст.

Дар оятҳои гузашта натиҷаи кори мушриконро Аллоҳтаъоло қаблан маълум сохт, ки он хабарҳо бесаранҷомкунандаи кофирон ва сабаби хотирҷамъии муъминон шуданд. Ҳоло ояти зер баъзе паҳлӯҳои истисноии ин эълонномаро, ки дохили ин 4-моҳ нестанд, баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)