Тафсири Сураи Тавба Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 4
إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنْقُصُوكُمْ شَيْئًا وَلَمْ يُظَاهِرُوا عَلَيْكُمْ أَحَدًا فَأَتِمُّوا إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلَىٰ مُدَّتِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ ٤
Илла-л-лазӣна ъаҳаттум-м мина-л мушрикӣна сумма лам янқусукум шай-ав ва лам юзоҳиру ъалайкум аҳадан фа атимму илайҳим ъаҳдаҳум ила муддатиҳим. Инналлоҳа юҳиббу-л муттақӣн. 4.
4. Магар бо он мушриконе паймон кардед, ки ба шумо дар ҳеҷ чизе камӣ накарданд ва бар (зидди) шумо касеро мадад надоданд, пас, бо онҳо паймонашонро то муддати муқаррарашон тамом кунед. Албатта, Аллоҳ парҳезгоронро дӯст медорад.
Аз мазмуни оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки дар он асное, ки ҳазрати Алӣ (к) эълонномаро дар даст доштанд, гурӯҳе аз мушриконе буданд, ки бо мусалмонон аз 4-моҳ кам ё 4-моҳ ё аз 4 моҳ зиёд аҳднома баста буданд ва ё гурӯҳҳое буданд, ки умуман аҳднома надоштанд. Локин алайҳи мусалмонон хиёнатҳо карда буданд. Муддати аҳдномаи ҳамаи онҳоро ба ғайри як гурӯҳ, бо эълони ҳазрати Алӣ (к) мувафиқи ояти 2-юми ҳамин сура то 4-моҳ маҳдуд кунонида шуд. Он гурӯҳе, ки бо онҳо аз 4-моҳ зиёд аҳд баста шуда буд ва онҳо бо эҳтиёткорӣ ҳурмати аҳдномаро риоя намуда, хилофи аҳднома ҳатто хурдтарин амале накарданд ва ҳамчунин онҳо ба касоне, ки алайҳи мусалмонҳо юриш бурданд, кумак ё пуштибонӣ накарданд, аз ҳукми ин эълон истисно шуданд. Яъне фармони Аллоҳ ин буд, ки бигзор чанд солу моҳе бошад, бояд мусалмонон то охири муддати аҳднома дар аҳду паймони худ бовафо бошанд. Зеро ба аҳд вафо кардан шохае аз парҳезгорист. Худованд шахсони парҳезгарро дӯст медорад. Баъди гузаштани 4-моҳ бо гурӯҳи боқимондаи мушрикон бояд чи гуна муъомила кард, ояти зер эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «