Сураи Тавба Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 34

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ كَثِيرًا مِنَ الْأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۗ وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ٣٤

۞ Йа айюҳа-л лазӣна аману инна касӣра-м мина-л-аҳбари ва-р-руҳбани ла яъкулуна амвала-н-наси би-л батили ва ясуддуна ъан сабӣлиллаҳ. Ва-л-лазӣна якнизуна-з-заҳаба ва-л-фиЗЗата ва ла юнфиқунаҳа фӣ сабӣлиллаҳи фа башширҳум би ъазабин алӣм. 34.

34. Эй касоне, ки имон овардаед! Батаҳқиқ, бисёре аз уламо ва обидони аҳли Китоб молҳои мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ манъ мекунанд. Касоне ки тилло ва нуқраро захира мекунанд ва онҳоро дар роҳи Аллоҳ харҷ намекунанд, пас соҳиби онҳоро ба азоби дарднок башорат деҳ.

Яке аз амалҳои ширки аҳли китоб он буд, ки амри пешвоёни худро аз амри Аллоҳ болотару муҳимтар меҳисобанд. Пешвоёни онҳо, агарчи роҳбариро ба уҳда доштанд, локин дар асл назди хирадмандони онҳо шоистаи ин мақом набуданд. Аз ин хотир, таҳти мазаммати оятҳои қаблӣ қарор гирифтанд.

Ҳоло ояти мазкур хилофкории онҳоро баён карда, аҳли имонро нидо кардааст, ки ай мусалмонҳо, бисёре аз уламои аҳли китоб ва роҳибон моли мардумро бо роҳи ботил мехӯранд ва бе ҳисоб мол сарф карда, мардумро аз роҳи ҳақ (дини Ислом) боз медоранд. Онҳо ҳақиқати ойини Масеҳӣ ва дини Мӯсо (а)-ро, то ин ки тобеъони онҳо ба дини нав ворид нагарданд ва манфиъатҳояшон ба хатар рӯбарӯ нашавад, рӯпӯш кардаанд. Дар ин мавзӯъ дар оёти 41-79, 174-уми сураи “Бақара” ва ояти 41-усраи “Моида” шарҳи бештаре дода шудааст. Яъне онҳо аз мардум ришва меситониданд ва ба фоидаи зӯрмандон ҳақро ботилу ботилро ҳақ ҳукм мекарданд. Маълум аст, ки ҳуқуқи ворид кардан ба Биҳишт ва бахшиши гуноҳи мардум дар ихтиёри Худост. Аммо онҳо бо роҳи авомфиребӣ ин ҳуқуқро моли худ эълон кардаанд. То ба имрӯз аз мардуми содда ва фиребхӯрда маблағ ситонида, гуноҳи онҳоро гӯё мебахшанд ва онҳоро ҷаннатӣ эълон мекунанд. Бе шак, метавон гуфт, ки гуноҳи кулли фиребхӯрдагон, ки бо талқини онҳо дар куфр боқӣ мондаанду вориди дини Ислом нашудаанд, бар дӯши онҳост.

Дар давоми оят Худованд ба Расулуллоҳ (с) мефармояд, ки чун ин пешвоёни дунёпарасти яҳуду насоро бо хазина сохтани тангаву тилло пардохтанду онҳоро дар роҳи ризои Аллоҳ сарф накарданд, ба онҳо хабар деҳ, ки ба азоби дардноки Ҷаҳаннам мубталоанд. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: Агар чунин сифат дар мусалмоне бошад, ӯ низ таҳти ваъиди ояти мазкур дохил аст. «Канз» молеро гӯянд, ки болои ҳам ҷамъ карда мешаваду аз он закот дода намешавад. Ҳарчанд мол бисёр шавад, вале закоти он дода шавад, канз ҳисобида намешавад. «Башорат» сухани хушеро гӯянд. Дар ин ҷо барои таҳқир ва истеҳзои онҳо омадааст.

Ибни Касир аз Уяйна ривоят кардааст, ки ҳар олими мусалмоне фосид шавад, ба яҳудиҳо ва ҳар обиди мусалмон гумроҳ шавад, ба насрониҳо монанд аст.

Чигунагии азоберо, ки дар ояти мазкур зикр шуд, ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)