Тафсири Сураи Тавба Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 35
يَوْمَ يُحْمَىٰ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ ۖ هَٰذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ ٣٥
Явма юҳма ъалайҳа фӣ нари Ҷаҳаннама фа туква биҳа ҷибаҳуҳум ва ҷунубуҳум ва зуҳуруҳум. Ҳаза ма каназтум ли анфусикум фа зуқу ма кунтум такнизун. 35.
35. Ба рӯзе ки он молҳоро дар оташи Ҷаҳаннам гарм карда шавад, пас, бо он пешонаҳо ва паҳлуҳои онҳоро ва пуштҳои онҳоро доғ карда шавад. Бар онҳо гуфта шавад: «Ин аст он чӣ ки барои худ хазина мекардед, акнун вуболи он чиро, ки захира кардед, бичашед!».
Ояти мазкур бори дигар бо таъкид ин ҳақиқатро баён кардааст, ки амали инсон аз байн намеравад. Дар он дунё баробари соҳибаш он зоҳир гардонида мешаванд ва он амал ё сабаби хурсандӣ ва ё сабаби ранҷи соҳибаш мешавад. Ҳоло ояти мазкур хабар медиҳад, ки рӯзе фаро хоҳад расид (дар он ҷаҳон), ки он тангаву тиллоеро, ки пешвоёни яҳуду насоро бо роҳи ботил дастрас карданду ба муҳтоҷон сарф накарданд, дар оташи Ҷаҳаннам тасфонида, бо онҳо пешона, пушт ва паҳлуи соҳибонашон доғ кунонида мешавад. Илова бар ин, дар он асно фариштагони азоб ба онҳо бо истеҳзову сарзаниш мегӯянд, ки ин аст он ашёе, ки хазина кардеду дар роҳи Худо сарф накардед. Акнун оқибати шуми онро бичашед!
Бо ривояти Имом Абӯ Довуд, вақто ки ояти мазкур нозил шуд ва мусалмонҳо онро шуниданд, ҳукми оят ба онҳо вазнинӣ карду гуфтанд: «Барои фарзандон баъди сари мо ҳеҷ чиз боқӣ намемондааст-да?» Чун Умар (р) сухани ёрони худро шунид, ваъда дод, ки ман ёрии худро ба шумо мерасонам. Ӯ (р) хизмати Расулуллоҳ (с) ҳозир шуда аз ӯ (с) пурсид: «Эй Расули Аллоҳ, ҳукми ояти мазкур дар назари саҳобагон мисли як чизи вазнин намудор шудааст». Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Аллоҳтаъоло закотро беҳуда нафармудааст, балки барои покиза сохтани молҳои шумо фарз гардонидааст. Тақсими моли мерос баъди гузаштани ҳар яки шумо фарз шудааст». Баъдан Расулуллоҳ (с) суханашонро идома дода гуфтанд: «Оё гӯям, ки барои мард беҳтарин хазина чӣ чиз аст? (Беҳтарин хазина барои мард) зани солиҳае, ки чун ба ӯ назар кунад, шавҳарашро хурсанд созад, агар коре фармояд, итоъат кунад, агар шавҳараш ғоиб шавад, худро ва моли шавҳари худро муҳофизат намояд». Ривояте аз Умар (р) шудааст, ки эшон дар тафсири ояти мазкур гуфтаанд: «Чун закот фарз шуд, Аллоҳтаъоло онро поккунандаи молҳо гардонид. Агар ба андозаи кӯҳи Уҳуд тилло дошта бошам, шумори онро бидонам, закоти онро диҳам ва онҳоро дар роҳи ризои Аллоҳ сарф кунам, ҳеҷ боке надорам».
Муфассирон гуфтаанд дар ояти мазкур зикри пешона, паҳлу ва пушти инсон омадааст, ба маънои он аст, ки чун шахси бахил камбағалро бинад, пешонаи худро чин мекунад, агар наздаш ояд, паҳлуи худро тарафи ӯ мегардонад ва агар чизеро аз ӯ талабад, пушти худро мегардонад. Аз ин рӯ, се аъзои шахси бахил бо молҳояш доғ монда мешавад, ки бисёр аламовар аст.
Дар “Саҳеҳ”-и Муслим омадааст: «Дарозии рӯзи қиёмат, то он ки аз мардум ҳисоб гирифта шавад, панҷоҳ ҳазор сол аст. Молҳои шахсе, ки закоти молашро надодааст, чизи гармӣ қабулкунанда гардонида шуда, бо он дар ин муддат пешона, паҳлу ва пушти ӯ доғ кунонида мешавад. Он шахс баъди гузаштани ин муддати дароз, роҳи худро ё ба сӯйи Ҷаннат ва ё ба тарафи дӯхаз баръало мебинад».
Муфассирон гуфтаанд, ки чун румиҳо алайҳи мусалмонҳо артиши худро муҷаҳҳаз сохтанд, мусалмонҳо низ алайҳи онҳо ҷиҳоди оммавӣ эълон карданд. Он ҳангом моҳи раҷаб буд. Он яке аз моҳҳое буд, ки ҷанг дар он ҳаром аст. Мусалмонҳо зери таънаи аҳли китобу мушрикҳо қарор гирифтанд. Онҳо гуфтаанд: «Мусалмонҳоро бинед, ҳатто дар моҳҳои ҳаром низ ҷанг эълон карданд».
Ояти зер ба ин масъала равшанӣ меандозад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «