Тафсири Сураи Тавба Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 38
يَاأَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انْفِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الْأَرْضِ ۚ أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ ٣٨
Йа айюҳа-л-лазӣна аману ма лакум иза қӣла лакумунфиру фӣ сабӣлиллаҳи-с сақалтум ила-л-арЗ. АраЗӣтум би-л-ҳайати-д- дунйа мина-л-ахираҳ. Фа ма матаъъу-л-ҳайати-д- дунйа фи-л-ахирати илла қалӣл. 38.
38. Эй касоне, ки имон овардаед, чист шуморо, ки чун барои шумо гуфта шавад «берун оед дар роҳи Аллоҳ», майл мекунед ба сӯйи Замин гарон шуда? Оё ба ивази охират бо зиндагонии дунё ризо шудед? Пас, зиндагонии дунё дар баробари охират ба ҷуз матоъи андак чизи дигаре нест.
Муфассирон гуфтаанд ин оят барои итоби шахсоне, ки ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) аз омода шудан барои ғазои Табук аз худ сустӣ нишон доданд, нозил шудааст. Табук заминест байни Мадина ва Шом (Димишқ), ки ҳоло он дар марзи кишвари Арабистони Саъудӣ қарор дорад. Масофа байни Мадина ва Табук тақрибан 610 км ва то Димишқ 692 км аст. Дар он замон шаҳри Шому атрофи он таҳти ҳукумати императори Рум қарор дошт. Зазои Табук дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ, тақрибан як соли баъди фатҳи Макка рӯй дод.
Хулоса, императори Рум дар шаҳри Шом сарбозони фаровонеро алайҳи мусалмонҳо ҷамъоварӣ карда, муҷаҳҳаз гардонид. Бо онҳо қабилаҳои Лаҳм, Ҷузом, Омила, Зассон ҳамроҳ шуданд. Гурӯҳи пешраванди онҳо аллакай ба Балқо ном макон расиданд. Румиҳо як давлати абарқудрати замон ба ҳисоб мерафтанд. Даргирӣ бо онҳо кори осон набуд. Вақти пухта расидани меваҳо ва чидану захира намудани самари меҳнати яксолаи мусалмонҳо расида буд. Роҳ дуру ҳаво шадидан гарм буд. Болои ин ҳама хабари омад-омади пешравандагони сарбозони румӣ ба Расулуллоҳ (с) расид. Расулуллоҳ (с) барои пешгирӣ кардани ин ҳодиса, бо таври умумӣ ва ошкоро алайҳи румиҳо ғазо эълон кард. Барои мунофиқон замина омода буд. Онҳо бо васвасаҳое чун; румиҳо империяи калонанд, роҳ дуру ҳаво гарм аст, акнун меваҳои шумо пухта истодатааст, дар сояи дарахту боғҳои худ дам гиред, байни мусалмонҳо фитна андохтанд. Чунин васвасаҳои мунофиқон барои баъзеҳо бетаъсир намонд. Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд. Аллоҳтаъоло мусалмонҳоеро, ки таҳти таъсири мунофиқон қарор гирифта аз худ сустӣ нишон доданд, бо хитоб сарзиниш карду гуфт, ки эй касоне, ки имон овардаед! Ба шумо чӣ шуд, вақто ки ба шумо гуфта шавад, дар роҳи ризои Аллоҳ ба майдони ҷиҳод берун шавед, дар назари шумо вазнин метобаду аз худ сустӣ нишон медиҳед? Бо майли дар хонаву даратон мондан, гӯё дар Замин часпидан мехоҳед? Сипас бо посухи маломатомез дар идомаи оят омадааст, ки оё шумо дар ивази охирати ҷовидон, ба ин зиндагонии дунёи зудгузари нопойдор розӣ шудед? Оё ин дунё ва ҳастии он дар баробари зиндагонии охират як чизи ночиз нест? Ин чӣ кораст, ки шумо дунёи фониро ба дунёи боқӣ иваз мекунед? Оё намедонед, ки маҳз бо ҷиҳоди дар роҳи ризои Аллоҳ неъматҳои охиратро меёбед, на бо нишастану баҳра бурдан аз неъматҳои дунё?
Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Аҳмад омадааст: «Ин дунё назди охират ҳеҷ чиз нест. Мисли ин, ки яке аз шумо ангушти ишораи худро дар дарё мехалонад, пас бингаред, ки он ангушти шумо бо чӣ миқдор об бармегардад? Дунё он чизест, ки гузашт. Он чи боқӣ монд назди Аллоҳ аст».
Ба шахсоне, ки барои чизи беарзиш аз савоб мегурезанд, Аллоҳ чӣ ҷазо медиҳад? Ояти зер ҷавоби ин саволро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «