Сураи Тавба Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 39

إِلَّا تَنْفِرُوا يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَيَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيْئًا ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ٣٩

Илла танфиру юъаззибкум ъазабан алӣма-в ва ястабдил қавман ғайракум ва ла таЗурруҳу шайа. Валлоҳу ъала кулли шай-ин қадӣр. 39.

39. Агар берун наоед, шуморо бо азоби дарддиҳанда азоб кунад ва ғайри шумо қавмеро бадали шумо гирад ва Аллоҳро ҳеҷ зарар расонида натавонед. Ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност.

Ояти мазкур бори дигар барои касоне, ки дунёро аз охират боло ҳисобиданд ва зери таъсири васвасаҳои мунофиқон қарор гирифтанд, ҳам ҳушдор ҳасту ҳам таҳдид. Маломате, ки аз ин оят шуниданд, аз маломати ояти қаблӣ вазнинтар аст. Яъне сухан нисбати ғазои Табук буда, Аллоҳтаъоло гуфтааст, ки агар шумо ҳамроҳи Расули Мо (с) ба майдони ҷанг наравед, дар дунё гирифтори дасти душман, ё дигар азобҳо мегардед ва дар охират ба оташи сӯзон мубтало гашта, бо азоби дарднок саркӯб мешавед. Агар ба Табук наравед, дини Ислом ба қафо барнамегардад. Зеро Худованд метавонад ҳамаи шуморо ҳалок кунаду ба ҷойи шумо дигар мардумеро офарад, ки онҳо дини Аллоҳро ёрӣ медиҳанд. Агар шумо ҳамроҳи Расули мо наравед ва ӯ (с)-ро ёрӣ ҳам надиҳед, ба дини мо ва ё ба Расули Мо (с) ҳеҷ зиёне расонида наметавонед. Ҳар зиёне расад, ба худи шумо мерасад.

Оре! Худованд бар ҳама кор қодир аст, ҳар гоҳ иродаи ғалабаи дини покашро кунад, бе ягон қайду шарт, бе шумо ҳам дину Пайғамбари худро нусрат медиҳад ва ҳар ваъдаеро, ки додааст, ҳатман амалӣ мегардонад. Ояти зер барои чунин шахсон таҳдиди навбатӣ ва барои ғайри онҳо ваъдаи хубест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)