Тафсири Сураи Тавба Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 37
إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ ۖ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُحِلُّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِيُوَاطِئُوا عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ فَيُحِلُّوا مَا حَرَّمَ اللَّهُ ۚ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ ٣٧
Иннама-н-насиу зийадатун фи-л-куфр. ЮЗаллу биҳи-л-лазӣна кафару юҳиллунаҳу ъама-в ва юҳарримунаҳу ъама-л ли юватиу ъиддата ма ҳаррамаллоҳу фаюҳиллу ма ҳаррамаллоҳ. Зуййина лаҳум суу аъмалиҳим. Валлоҳу ла яҳди-л қавма-л-кафирӣн. 37.
37. Ин аст, ҷуз ин нест, ки насӣ (таъхир кардани ҳурмати як моҳ ба моҳи дигар) зиёдатӣ дар куфр аст. Гумроҳ гардонида мешавад бо он касонеро, ки кофир шуданд, як сол он моҳро ҳалол мешуморанд ва соли дигар, то бо он чӣ Аллоҳ ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд онро ҳаром мешуморанд. Пас, (бо ихтиёри худ) ҳалол созанд чизеро, ки Аллоҳ ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашонро (дар назарашон) барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Аллоҳ қавми кофиронро ҳидоят намекунад.
Моҳҳои соҳибэҳтиром (ҷанг дар онҳо ҳаром буда), чуноне ки гузашт, чаҳор моҳанд. Сеи он пайи ҳам меояд, яки он алоҳида. Ҳурмату эътибори онҳо, на ин ки дар Ислом, балки пеш аз Ислом ҳам байни мушрикон вуҷуд доштааст. Мушрикон ба ин моҳҳо, низ эҳтироме мегузоштанд ва дар ин моҳҳо эълони ҷанг намекарданд. Ё ин ки аз аввали ин моҳҳо, то ба охир расидани онҳо оташбас эълон мекарданд. Масалан, назди мушрикон ин моҳҳо чунон эҳтиром дошт, ки агар касе ба кушандаи падари худ рӯбарӯ мегардид, дар пайи интиқомгарӣ намешуд. Баъдан мушриконе чун Қаллас, ки номи ӯ дар замони ҷоҳилият Ҳузайфа ибни Абд (чаҳордаҳумин набераи Аднон) буд, пайдо шуданд, ки агар дар чунин моҳҳо ҷанг мехостанд, ҳурмати ин моҳҳоро ба дигар моҳҳо мегузарониданду мегуфтанд: “Фарқе надорад ин моҳҳо бошанд ё дигар моҳҳо дар як сол чаҳор моҳашро эҳтиром кунем, шуд” ва ҷанг эълон мекарданд. Калимаи «насиу», ки дар ин оят омадааст, ба ҳамин маъност. Ҳоло ояти мазкур мушриконро таҳти мазаммат қарор дода, баҳои чунин шахсонро муайян кардааст. Мушрикон дар асл, дар бисёр масъалаҳои ақидавӣ кофиранд. Агар дар масъалаҳои шаръӣ, хилофи фармоиши Аллоҳ бо ихтиёри худ ҳалолеро ҳаром ва ҳаромро ҳалол ҳисобанд, ин куфри зиёдатиест, ки боли куфри онҳо афзуда (зиёд) шудааст. Яъне он сарони мушрик (мардуми беимон) худро дар гумроҳии бештар қарор додаанд. Онҳо ба хоҳиши худ, ҷуръат карда, он чаҳор моҳи муҳтарам эълонкардаи Аллоҳтаъолоро ба фоидаи худ як сол ҳалол ҳисобида, ба ҷойи онҳо дигар моҳҳоро эҳтиром кунанд, соли дигар боз ҳурмати моҳҳои ҳаромро ба ҷо мегузоштанд. Ҳол он ки дар асл ягона Аллоҳтаъоло ҳақ дорад, ки чизеро ҳалол ва ё ҳаром ҳукм кунад.
Хулоса, кори бад дар назари онҳо хубу кори гуноҳ чун ибодат менамуд. Аз ин рӯ, Аллоҳтаъоло дар ҷумлаи охири ояти мазкур гуфтааст, ки Аллоҳтаъоло қавмеро, ки кофир аст, ҳидоят намекунад. Оре! Мардумеро ки шоистаи ҳидоят нестанд, Аллоҳтаъоло ба ҳоли худашон мегузорад.
Ояти зер ба таври умум ҳамаи мусалмонҳоро даъват ба он кардааст, ки бояд онҳо итоъати сардори худро кунанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «