Сураи Тавба Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 53

قُلْ أَنْفِقُوا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا لَنْ يُتَقَبَّلَ مِنْكُمْ ۖ إِنَّكُمْ كُنْتُمْ قَوْمًا فَاسِقِينَ ٥٣

Қул анфиқу тавъан ав карҳа-л ла-й ютақаббала минкум иннакум кунтум қавман фасиқӣн. 53.

53. Бигӯ: «Эй мунофиқон, хоҳ бо хушӣ харҷ кунед ё бо нохушӣ, ҳаргиз аз шумо қабул карда намешавад. Бе шак, шумо қавми фосиқ (аз доираи ислом беруншуда) ҳастед».

Асли севуме, ки бояд ба мунофиқон фаҳмонида шавад, ин аст, ки Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки ба мунофиқоне, ки хостаанд, шуморо дар ин ҷиҳод кумаки иқтисодӣ расонанд, бигӯ, ки хоҳ шумо ба майли хотири худ ё маҷбуран дар роҳи Худо нафақа кунед ҳам, ҳаргиз нафақаи шумо назди Аллоҳ пазируфта намешавад. Зеро шумо, бе ягон шакку шубҳа, қавми фосиқ ва аз доираи шариъат берун ҳастед. Сабаби қабул нашудани нафақаи мунофиқонро ояти зер таъкидан эзоҳ додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)