Тафсири Сураи Тавба Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 52
قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلَّا إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ ۖ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَنْ يُصِيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذَابٍ مِنْ عِنْدِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا ۖ فَتَرَبَّصُوا إِنَّا مَعَكُمْ مُتَرَبِّصُونَ ٥٢
Қул ҳал тараббасуна бина илла иҳда-л-ҳуснайайн. Ва наҳну натараббасу бикум ай юсӣбакумуллоҳу би ъазаби-м мин ъиндиҳи ав би айдӣна. Фа тараббасу инна маъакум-м мутараббисун. 52.
52. Бигӯ: «Интизорӣ намебаред дар ҳаққи мо, магар яке аз ду некиро ва мо барои шумо интизорӣ мекашем, ки Аллоҳ шуморо ба азобе аз назди худ ё ба дастҳои мо бирасонад. Пас, мунтазир бошед, батаҳқиқ, мо низ ҳамроҳи шумо интизоршавандагонем».
Дар асли дувум низ Аллоҳтаъоло Пайғамбари Худро амр кардааст, ки ба мунофиқон бигӯ, ки барои мо чиро интизорӣ мекашед? Чизеро, ки интизор бошед, он ба фоидаи мост. Хоҳ мусибат мерасаду хоҳ роҳат, ин ҳама тақдири Худо ва некбахтии мост. Ҳоло мо дар ин ҷиҳод алайҳи душман меҷангем, агар ғолиб шавем, бо ифтихору бо молҳои ғанимат ба ватани худ бармегардем, агар кушта шавем, ҷоми шаҳодатро бо ифтихор менӯшем. Хушо бар ҳоли мо, ки яке аз ин дуро соҳиб мешавем ва ин мояи ифтихори мост. Аммо мо мусалмонҳо низ яке аз ду ҳолати баду ногуворро барои шумо мунофиқон дар интизорем. Ё дар ин дунё ва охират Аллоҳтаъоло шуморо ба балои худ гирифтор мекунад ё ин ки таслими мо шуда хору нобуд хоҳед шуд. Шумо, ки аз расидани бадие ба мо интизорӣ мекашед, мо низ ҳамроҳи шумо интизорӣ мекашем, ки ба шумо чӣ мерасад. Агар шумо хирад дошта бошед, мефаҳмед, ки шумо хушбахтии моро ва мо бадбахтии шуморо интизорем.
Мунофиқон доимо устокорона ба тарафи вазнинии паллаи тарозу менигаранд. Вақто диданд, ки муҷаҳҳаз шудани лашкари Ислом барои ғазои Табук ҷараён дорад, пеш аз он ки ба тарафи Табук сафарбар шаванд, баъзе мунофиқон чанд қадам ба қафо ва як қадам ба пеш ниҳода гуфтанд: “Мо аз сабаби узрҳое, ки дорем, ба ҷиҳод рафта натавонем ҳам, лекин метавонем лоақал қисман моли худро дар ихтиёри шумо қарор диҳем.” Локин барои радди таклифи онҳо Аллоҳтаъоло ба Пайғамбари худ (с), чуноне ки ояти зер ишора кардааст, фармуд, ки ба онҳо…
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «