Тафсири Сураи Тавба Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 63
أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّهُ مَنْ يُحَادِدِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَأَنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدًا فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْخِزْيُ الْعَظِيمُ ٦٣
Алам яъламу аннаҳу ма-й юҳадидиллаҳа ва расулаҳу фа анна лаҳу нара Ҷаҳаннама холидан фӣҳа. залика-л-хизю-л-ъазӣм. 63.
63. Оё надонистанд, ки ҳар касе бо Аллоҳ ва Расули Ӯ мухолифат кунад, пас батаҳқиқ барои ӯ оташи Дӯзах ҳаст, ки дар он ҷовидон бошад. Ин расвоии бузург аст.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло мунофиқонро бо таъкид шадидан сарзаниш карда гуфтааст, ки оё мунофиқон надонистанд, ки шахсе ба Аллоҳ ва Расули Ӯ душманӣ варзаду мухолифат кунад, албатта, дар Ҷаҳаннам абадӣ мемонад? Барои чӣ мунофиқон ин ҳақиқатро надонистанд? Оё надонистанд, ки аз Ҷаннату неъматҳои он навмед шудан ва дар Ҷаҳаннам ҷовидон мондан расвогии бузург аст? Оре! Агар медонистанд онҳо мунофиқ намешуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «