Сураи Тавба Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 64

يَحْذَرُ الْمُنَافِقُونَ أَنْ تُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ سُورَةٌ تُنَبِّئُهُمْ بِمَا فِي قُلُوبِهِمْ ۚ قُلِ اسْتَهْزِئُوا إِنَّ اللَّهَ مُخْرِجٌ مَا تَحْذَرُونَ ٦٤

Яҳзару-л мунафиқуна ан туназзала ъалайҳим суратун тунаббиуҳум би ма фӣ қулубиҳим. Қулистаҳзиу инналлоҳа мухриҷу-м ма таҳзарун. 64.

64. Мунофиқон, аз ин, ки бар муъминон сурае нозил карда шавад, ки онҳоро ба он чӣ дар дилҳои онҳост, хабар диҳад, метарсанд. Бигӯ: «Масхара кунед! Батаҳқиқ, Аллоҳ падидорандаи он чизе аст, ки аз он метарсед».

Мунофиқон дар анҷуманҳояшон аз Ислому Пайғамбар (с) ғайбат ва инчунин ба муъминони содиқ истеҳзо мекарданд. Ё ин ки он чизеро, ки дини Ислом муҳим мешуморад, бозича мепиндоштанд. Ҳамзамон оятҳое нозил мешуд ва он кинае, ки мунофиқон бо мусалмонон доштанд, як-як ошкор мегардид. Онҳо метарсиданд, ки мабодо аз ин ҳам зиёд, сурае махсус аз Қуръон барои онҳо нозил шаваду он ниятҳои баде, ки дар дилашон пардапӯш буд, ошкор шавад. Ба ҳамин тариқ, доимо дар андеша буданд. Худованд дар давоми ин оят ба Пайғамбар фармуд, ки ба онҳо бигӯ, ки ҳарчи қадар мехоҳанд, ба тамасхуру истеҳзои мусалмонон дилҳои худро тасаллӣ диҳанд. Локин Аллоҳ таъоло оятҳои худро нозил мекунад ва он чиро, ки онҳо аз ошкор шуданаш бим доранд, албатта, ошкор месозад ва онҳоро расво мегардонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)