Тафсири Сураи Тавба Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 65
وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنْتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ ٦٥
Ва лаин саалтаҳум ла яқулунна иннама кунна нахуЗу ва налъаб. Қул абиллаҳи ва айатиҳӣ ва расулиҳӣ кунтум тастаҳзиун. 65.
65. Агар аз мунофиқон пурсӣ, ҳаройина, гӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо дар суханҳои ҳазлу шӯхӣ фурӯ мерафтем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё ба Аллоҳ ва ба оятҳои Ӯ ва ба фиристодаи Ӯ тамасхур мекардед?».
Мунофиқон доимо алайҳи мусалмонҳо нақшаҳои хатарнок меандешиданд ва барои ба ҳадафи худ расидан кӯшишҳо мекарданд. Агар мақсадашон ошкор шавад; «Ҳа, мо шӯхӣ кардем» гуфта худро аз муҷозот халос месохтанд. Дар тафсири Кобулӣ омадааст: “Ҳангоме ки Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи лашкари худ ба қасди Табук Мадинаро тарк карданд, дар байни онҳо баъзе аз мунофиқон ҳам буданд. Онҳо бо тамасхур мегуфтанд: «Вай (Муҳаммад (с)-ро бинед, фатҳи диёри Шом ва қасрҳои он ва билоди Румро хоб дида истодааст. Ҷанги бо румиҳоро, чун ҷанги арабҳои атроф, ки онҳо ҷангида наметавонистанд, ҳисоб кардааст. Мебинед, фардо мо ҳама дар рӯ ба рӯйи румиҳо бо дастҳои баста хоҳем буд. Ин шикампарварони (саҳобагонро дар назар дошта) диёри мо бо аскарҳои муназзами румиҳо чи сон ҷанг карда метавонанд?» Ин суханҳо ба Расулуллоҳ (с) расид. Расулуллоҳ (с) онҳоро назди худ хонду пурсид: “Чаро Исломро масхара мекунед?” Мунофиқон узр оварда гуфтанд: “Ин суханҳои мо ҷиддӣ нест, бо роҳи шӯхӣ мазоҳи ҳамдигар кардем, то сафар осону роҳ кӯтоҳ намояд. Аз мо ҳеҷ хавотир нашавед.” Дар давоми оят Аллоҳтаъоло Набии худ (с)-ро фармудааст, ки бо қотеъият ва бо посухи даҳонкӯб ба онҳо бигӯ, ки оё шумо Худо ва оятҳои Ӯ ва Расулаш (с)-ро шӯхию масхара мекунед? Магар шумо кори дигар надоред, ки бо ҳама чиз шӯхӣ мекунед. Ҳатто дини Худо, шариъати Ӯ ва Расули Ӯ (с)-ро низ масхара мекунед? Ҳоло ояти зер чунин кори нодурусти онҳорро рад карда, расвогии онҳоро баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «