Сураи Тавба Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 7

كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ رَسُولِهِ إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ فَمَا اسْتَقَامُوا لَكُمْ فَاسْتَقِيمُوا لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ ٧

Кайфа якуну лил мушрикӣна ъаҳдун ъиндаллоҳи ва ъинда расулиҳи илла-л-лазӣна ъаҳаттум ъинда-л-Масҷиди-л-ҳаром. Фа мастақому лакум фастақӣму лаҳум. Инналлоҳа юҳиббу-л муттақӣн. 7.

7. Чӣ гуна барои мушрикон назди Аллоҳ ва назди Расули Ӯ аҳде бошад? Магар он касоне ки назди Масҷиду-л-ҳаром бо онҳо аҳд карда будед. Пас, модоме ки ба аҳди шумо собит бошанд, ба аҳди онҳо истиқомат кунед. Албатта, Аллоҳ парҳезгоронро дӯст медорад.

Аллоҳтаъоло дар ин оят иллати лағви аҳдномаро бо мушрикон баъди 4-моҳ бо саволи инкорӣ чунин баён кардааст, ки ба мушриконе, ки хилофи Аллоҳ ва хилофи Расули Ӯ (с) ва хилофи аҳдномаи имзошуда аҳдшиканӣ мекунанд, чӣ гуна амон додан мумкин аст? Онҳо бо ин хилофкориашон чӣ гуна интизорӣ мекашанд, ки мусалмонҳо дар аҳдашон вафо мекунанд? На! Барои ин гуна шахсони аҳдшикан дигар ҳеҷ аҳде боқӣ намондааст. Дар ҷумлаи дувуми ояти мазкур бо таври истисно фармудааст, ки магар дар баробари гурӯҳе дар аҳдатон бовафо бошед, ки бо онҳо назди Масҷидул-ҳаром паймон бастаед. Модоме ки дар аҳди худ бо шумо вафодор боқӣ монданд, шумо низ то охири муҳлати аҳднома аз худ вафо нишон дода, набояд аҳдшиканӣ карда эълони ҷанг кунед. Ҷумлаи охир ишора ба шахсони хирадманд буда, фармудааст, ки дар аҳду вафо устувор мондан ин кор хоси шахсони худотарс аст, Аллоҳтаъоло шахсони худотарсро дӯст медорад.

Вақто ки бани Бакр, (ҳампаймони қурайшиҳо) муқобили бани Хузоъа, (ҳампаймони Расулаллоҳ (с) юриш бурданд, қурайшиҳо аҳди худро шикаста ҳампаймони худро кумак расониданд. Расулаллоҳ (с) низ алайҳи он аҳдшиканон ба по хестанд, Моҳи Рамазони соли ҳаштуми ҳиҷрӣ Маккаро фатҳ карданд. Ва лиллоҳил ҳамд. Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)