Сураи Тавба Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 6

وَإِنْ أَحَدٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجَارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّىٰ يَسْمَعَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْلَمُونَ ٦

Ва ин аҳаду-м мина-л-мушрикӣнастаҷарака фа аҷирҳу ҳатта ясмаъа каламаллоҳи сумма аблиғҳу маъманаҳ. залика би аннаҳум қавму-л ла яъламун. 6.

6. Ва агар яке аз мушрикон аз ту амон хоҳад, вайро амон деҳ, то каломи Аллоҳро бишнавад, пас, ӯро ба ҷои эминиаш бирасон! Ин ба сабаби он аст, ки онҳо қавмеанд, ки намедонанд.

Чуноне ки оят хабар медиҳад, мақсади оятҳои қаблӣ тамоми навъи мушриконро қатъиян аз пой даровардан нест, балки оятҳои қаблӣ барои онҳо эълоне буд, то ҳушёр ва омода бошанд. Ҳоло дар ояти таҳти назар Аллоҳтаъоло фармудааст, ки агар касе аз мушрикон (ҳатто бигзор аз он мушриконе бошанд, ки амр ба қитолу тасарруфи молҳои онҳо шуда бошад) амон хоста, аз ту паноҳ талаб кунад, ӯро паноҳ деҳ, то вай Каломи Аллоҳ (Қуръон)-ро шунавад ва то бар ӯ ҳуҷҷат шавад. Шояд, ки онҳо имон оранду ба ватанашон баргарданд ва сабаби ҳидояти дигарон шаванд. Зеро онҳо касоне ҳастанд, ки чи будани ҳақиқати дини Исломро намедонанд. Ин гуна амондиҳии шумо амри шаръӣ буда то замоне давом ёбад, ки онҳоро ба шаҳр ё бошишгоҳашон дар ниҳояти оромӣ расонед. Баъди ба диёри худ расиданашон, ҳукми амондиҳии шумо ҳам ба охир мерасад ва бо онҳо чун пештара муъомила сурат мегирад. Ҳукми оят паноҳ ва амонталабкунандагони сиёсӣ, тоҷирон ва аз дини Ислом таҷриба омӯзандагонро низ дар бар мегирад.

Назди уламои ҳанафӣ шахсонӣ ғайримусалмон метавонанд то муддати 4-моҳ дар давлати исломӣ дар амон ва ҳимояи мусалмонон монанд. Баъди адои 4-моҳ ба онҳо амр мешавад, то диёри мусалмонҳоро тарк кунанд. Агар тарк накунанд, баъди 4-моҳ ба онҳо амр мешавад, ки ҳар моҳ ё ҳар сол чун аҳли кофири зиммӣ ҷизя супоранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)