Сураи Тин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тин Ояти 1

بِّسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

وَالتِّيۡنِ وَالزَّيۡتُوۡنِۙ‏ ١

Ва-т-тӣни ва-з-зайтун. 1.

1. Қасам ба анҷир (шаҳри Шом) ва қасам ба зайтун (Байтулмақдис).

Азбаски анҷир ва зайтун нафъи бисёр ва фоидаву баракати зиёде доранд, дар аввали ин сураи муборака Худованд ба номи ин дарахтони пурфайзи Худ қасам ёд кардааст. Баъзе муҳаққиқон мегӯянд, ки дар ин ҷо “Ваттини Ваззайтун” ишора ба ду кӯҳест, ки якеи онҳо дар наздики Байтул Муқаддас ва дигаре дар Димишқ воқеъ шудаанд. Мувофиқи фикри онҳо савганд ба он маконҳои муқаддас аст, ки ин дарахтон дар он ҷо мерӯянд. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки мурод аз Тин масҷиди Димишқ аст. Қуртубӣ мегӯяд, масҷиди Асҳоби Каҳф аст, баъзе дигарҳо мегӯянд, масҷиди ҳ.Нӯҳ (а) дар “Ҷудин” аст. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тин – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тин Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)