Тафсири Сураи Тин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тин Ояти 6
اِلَّا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فَلَهُمۡ اَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُوۡنٍؕ ٦
Илла-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-солиҳоти фа лаҳум аҷрун ғайру мамнун. 6.
6. Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, пас, онҳоро савоб беҳисоб аст.
Ононе, ки ба Парвардигори хеш имон оварда, амалҳои солеҳ намуданд ва Пайғамбари фиристодаи Ӯ таъолоро итоъат карданд, соҳиби аҷру савоби бузург мегарданд, ки он Ҷаннат аст. Он Ҷаннат доруссарои парҳезгарон аст, неъматҳои Ҷаннат асло тамом намешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «