Тафсири Сураи Тохо Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо Ояти 127
وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي مَنْ أَسْرَفَ وَلَمْ يُؤْمِنْ بِآيَاتِ رَبِّهِ ۚ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبْقَىٰ ١٢٧
Ва казалика наҷзӣ ман асрафа ва лам юъмин бипйати Раббиҳ. Ва ла ъазабу-л ахирати ашадду ва абқа. 127.
127. Ва ҳамчунин сазо медиҳем онеро, ки аз ҳад гузашт ва ба оятҳои Парвардигори худ имон наовард ва ҳаройина, азоби охират сахттару пояндатар аст.
Дар ояти мавриди назар Худованд хабар додааст, ки касонеро, ки аз ҳад таҷовуз карданд, умри худро исроф кардаанд (яъне кофир шуданд, ба оятҳои мо имон наоварданд ё онҳоро дурӯғ ҳисобиданд ва ҳамеша дар корҳои шаҳвонӣ худро мубтало сохтанд) Мо ингуна, (яъне онҳоро мисли аз неъмати биноӣ маҳрумшудагон) ҷазо медиҳем. Албатта, ҷазои охират барои чунин шахсон сахттару пояндатар аст. Оре! Зикр (Қуръон)-и Парвардигор манбаъи бахту саъодати инсон аст. Касоне, ки аз ин имконият, яъне аз роҳнамоии Қуръон рӯйи гардонда, гумроҳиро ихтиёр мекунанд, исрофкортарини мардуманд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «