Тафсири Сураи Тохо Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо Ояти 128
أَفَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنَ الْقُرُونِ يَمْشُونَ فِي مَسَاكِنِهِمْ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِأُولِي النُّهَىٰ ١٢٨
А-фалам яҳди лаҳум кам аҳлакна қаблаҳум-м мина-л-қуруни ямшуна фӣ масакиниҳим. Инна фӣ залика ла айати-л ли ули-н нуҳа. 128.
128. Оё роҳ нанамоёнд (нишон надод) онҳоеро, ки пеш аз онҳо бисёр аз табақоти мардумро ҳалок кардем, дар манзилҳои он ҳалокшудагон рафтуо мекунанд? Ҳаройина, дар ин (амалҳо) соҳибхирадонро нишонаҳост.
Шахси хирадманд аз ҳодисаҳои таърих ибрат бояд гирад. Ҳоло ояти мазкур кофирони гарданкаши Маккаро аз он балоҳое, ки бар сари дурӯғпиндорандагони қавмҳои гузашта омада буд, хабар дода гуфтааст, ки чаро аз саргузашти даҳшатноки онҳо ибрату панд намегиранд? Агар онҳо ба тарафи Яман сафар кунанд, вайронаҳои қавми Одро мебинанд, агар ба тарафи Шом сафар кунанд, вайронаҳои қавми Самудро вомехӯранд, ба тарафи Фаластин сафар кунанд, аз диёри зеру забар шудаи қавми Лут (а) мегузаранд. Хулоса, он нишонаҳо ва вайронаҳоро мебинанд, чаро ибрат намегиранд, чаро дар ҷустуҷӯи ҳидоят намешаванд? Ҳол он ки чунин ҷойҳое, ки вайрону валангор шудаанд, гӯё бо забони ҳол панду насиҳат медиҳанд ва мегӯянд, ки эй он ки ақли солим дорӣ, ҳоли моро бину аз он ибрат гир!! Албатта, соҳибхирадон аз дидани он харабаҳо мутаъассир шуда, ибрат мегиранд ва сари андеша менишинанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «