Сураи Тоҳо Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тохо Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тоҳо Ояти 129

وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ لَكَانَ لِزَامًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى ١٢٩

Ва лав ла калиматун сабақат ми-р-Раббика лакана лизама-в ва аҷалу-м мусамма. 129.

129. Ва агар набудӣ сухане, ки аз Парвардигори ту собиқан содир шуда ва набудӣ вақти муайян, ҳаройина, (фавран) азоб лозим мешуд.

Эҳтимол саволе пайдо шавад, ки чаро Худованд он бало ва офатҳоеро, ки дар гузашта бар сари қавмҳои саркаши нобакор фуруд овард, бар сари амсоли онҳо, ки дар уммати Муҳаммад (с) пайдо шуданд, намеорад? Ба ин саволи эҳтимолӣ, ояти мазкур посух гуфтааст, ки агар ваъдаи Аллоҳтаъоло оид ба таъхир андохтани азоб аз уммати Муҳаммад (с) то барпошавии рӯзи қиёмат намебуд, албатта, болои онҳо низ дарҳол азоби Аллоҳтаъоло фуруд меомад, ҳамаи онҳо мисли қавмҳои гузашта ҳалок мешуданд. Хулоса, Худованд дар ин дунё ба ҳар инсон озодии ҷузъӣ додааст. Ӯ метавонад роҳи ҳидоят, ё роҳи залолатро ихтиёр кунад ва ба ихтиёри худ имон орад. Агар сари ҳар гуноҳе ба ҷазо кашида шаваду маҷбуран имон орад, имони маҷбурӣ ҳосил мешавад. Он имон ҳисобида намешавад. Ба ҳар ҳол ситамгарони беимон ва муҷримони ҷасур аз таъхир омадани азоби илоҳӣ набояд мағрур шаванд. Ин лутфи Худост, ки ба онҳо муросо мекунад ва онҳоро боқӣ мегузорад, то шояд дар боқимондаи умри худ тавба кунанд ва худро ислоҳ намоянд. Вагарна азоби ҳалоккунандаи онҳо дар муддати муайяншуда бар сарашон нохосту бехабар меояд. Барои возеҳтар шудани ин масъала ба оятҳои 1-2-юми сураи «Анъом» ва ояти 61-уми сураи «Наҳл» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тоҳо Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тоҳо Ояти 130 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)