Сураи Тоҳо Ояти 135 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тохо Ояти 135 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тоҳо Ояти 135

قُلْ كُلٌّ مُتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصُوا ۖ فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ أَصْحَابُ الصِّرَاطِ السَّوِيِّ وَمَنِ اهْتَدَىٰ ١٣٥

Қул куллу-м мутараббисун фа тараббасу. Фа са таъламуна ман асҳабу-с-сироти-с-савиййи ва ман-иҳтада. 135.

135. Бигӯ: «Ҳар яке мунтазир аст, пас, шумо низ мунтазир бошед, пас, хоҳед донист, киҳоянд аҳли роҳи рост ва роҳёфта кист».

Ин хитобе, ки ба Расулуллоҳ (с) аз ҷониби Парвардигор шудааст, дар бисёре аз сураҳои Қуръон ба чашм мерасад. Ҳоло мувофиқи услуби ин сура Худованд ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ба он мушрикони баҳонаҷӯ ва аз итоъати ту саркаш бигӯ, ки мо ва шумо мунтазири оқибати кори худ ҳастем. Мо дар мавриди шумо интизори ваъдаҳои илоҳӣ ҳастем, ки оқибати кори шумо чӣ мешавад?. Шумо бошед, дар интизори он ҳастед, ки мусибатҳо бар сари мо кай биоянду кори мо нотамом монад. Шумо ҳам интизорӣ бикашеду мо ҳам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки кадоме аз мо дар роҳи ростему ба манзилгоҳи Ҳақ мерасем. Неъматҳои ҷовидонаи роҳи ростро мо меёбем ё шумо? Валлоҳу аълам.

Поёни сураи «То ҳо» Валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тоҳо Ояти 134 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё – Тафсири Осонбаён (Қуръон)