Тафсири Сураи Тохо Ояти 134 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо Ояти 134
وَلَوْ أَنَّا أَهْلَكْنَاهُمْ بِعَذَابٍ مِنْ قَبْلِهِ لَقَالُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آيَاتِكَ مِنْ قَبْلِ أَنْ نَذِلَّ وَنَخْزَىٰ ١٣٤
Ва лав анна аҳлакнаҳум би ъазаби-м мин қаблиҳӣ ла қолу Раббана лав ла арсалта илайна расулан фа наттабиъа айатика мин қабли ан-н назилла ва нахза. 134.
134. Ва агар онҳоро бо уқубате пеш аз фиристодани пайғамбар ҳалок мекардем, ҳаройина, мегуфтанд: «Эй Парвардигор! Чаро ба сӯйи мо пайғамбаре нафиристодӣ, то, пеш аз он ки хор шавем ва расво гардем, пайравии оятҳои ту мекардем?».
Мушрикони баҳонаҷӯ ҳамеша дар фикри эҷоди баҳонаҳои наванд. Худованд дар ин оят аз ҳоли онҳо хабар додааст, ки агар пеш аз Муҳаммад (с)-ро ҳамчу пайғамбар фиристодан ва пеш аз нузули Қуръон онҳоро муҷозоту ҳалок мекардем, албатта, дар қиёмат онҳо норозигии худро баён карда, ба мо мегуфтанд, ки Парвардгоро, чаро Пайғамбар ва китобе барои мо нафиристодӣ, то онҳо моро огоҳ мекарданду мо аз онҳо итоъату пайравӣ мекардем ва ҳоло хору расво намешудем? Ин гуна рафтор одати шахсонеаст, ки ба дини Ислому шариъати Муҳаммад (с) зид баромада буданд. Дар ҳар сурат онҳо баҳонаи беасоси худро меёфтанд. Акнун ки Пайғамбар (с) ва Китоби бузург (Қуръон) ба суроғи онҳо омад, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, ҳар рӯз муъҷизаи нав талаб мекарданд. Агар ба онҳо муъҷиза нишон дода мешуд, наъузулу биллоҳ, боз мегуфтанд Муҳаммад соҳир аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «