Сураи Ториқ Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Торик Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ториқ Ояти 12

وَالۡاَرۡضِ ذَاتِ الصَّدۡعِۙ ١٢

Ва-л-арЗи зати-с садъ. 12.

12. Ва қасам ба Замини дорои шикофтанҳо,

Дар ин оят гиёҳу растаниҳое, ки бо қудрати Ӯ таъоло дар фасли тирамоҳ хушк шуда ва дар баҳорон Заминро шикофта, аз сари нав зинда шуда, нашъунамо мекунанд, дар назар дошта шудаанд.

Ибни Аббос (р.) гуфта: “Аллоҳтаъоло ба Осмоне, ки барои махлуқот оби раҳмат мерезад ва ба Замине, ки барои махлуқоти Ӯ таъоло ҷумлаи наботот ва меваҳоро мерӯёнад, ки ҳарду (Осмону Замин) мисли падар ва модар барои махлуқот хизмат намуда, тамоми неъматҳо ва хайроти омро пайдо мекунанд ва ҳама ин сабаби бақои инсонҳо ва дигар махлуқот мегарданд, қасам ёд намудааст.” Шояд давоми сухани Ибни Аббос (р.) мисоле бошад, ки инсонҳо ҳам мисли ин растаниҳо, чун муҳлаташон ба охир расад, мемиранд ва боз дар рӯзи растохез (қиёмат) Худованд бо амри Худ онҳоро, яъне одамиро аз сари нав зинда мегардонад. Ояти зер ҷавоби қасам аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ториқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ториқ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ториқ Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)