Тафсири Сураи Тур Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَالطُّوۡرِۙ ١
Ва-т-тур. 1.
1. Қасам ба (кӯҳи) Тур.
Тур номи кӯҳест машҳур ва дар даҳ ҷои Қуръон зикр шудааст. Аллоҳ таъоло ба Мӯсо (а) дар кӯҳи Тур сухан гуфтааст ва дар он ҷо бо Он ҳазрат (а) лавҳаҳои Таврот нозил шудааст. Он ҷои поку муқаддаси рӯйи Замин аст ва назди Аллоҳ таъоло мартабаи баланд дорад. Бинобар ин Аллоҳ таъоло бо он савганд ёд намуда, ки бори дигар аз шукӯҳу шаҳомати он дарак медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «