Тафсири Сураи Тур Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 2
وَكِتٰبٍ مَّسۡطُوۡرٍۙ ٢
Ва китаби-м мастур. 2.
2. Ва (қасам) ба Китоби навишташуда,
Мурод аз «китоби навишташуда» ҳамин Қуръони маҷид аст, ки онро Аллоҳ таъоло бар хотами пайғамбарон (с) нозил кардааст. Аллоҳ таъоло дар ин оят бо Қуръони азиамушшаън қасам ёд намудааст.
Баъзе аз муфассирон бар инанд, ки шояд маънои ибораи «китоби навишташуда» «Лавҳу-л-маҳфуз», ё «Аъмолномаи мардум», ё Таврот ва ё тамоми китобиҳои осмонӣ бошад, ки онҳо ба мардум ошкоро фиристода шудаанд. Валлоҳу аълам.
«Лавҳулмаҳфуз» бино ба ахбори саҳеҳ дар макони махсуси муайяннамудаи Аллоҳ таъоло буда, ба сурати лавҳ (тахта) аст ва дар он тақдири тамоми мавҷудот навишта шудааст. Аз ҷумла Қуръони муқаддас аз ҳамин Лавҳ ба Замин барои башарият интиқол дода шудааст, ки равшангари дилҳо ва роҳнамои зиндагии инсонҳост.
Дар ин сура чанд нукта ба назар мерасад, ки муқаддас будани Қуръонро бори дигар ифода мекунад ва он Қуръон…
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «