Сураи Тур Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 15

اَفَسِحۡرٌ هٰذَاۤ اَمۡ اَنۡتُمۡ لَا تُبۡصِرُوۡنَ‌ۚ ١٥

А-фа сиҳрун ҳаза ам антум ла тубсирун. 15.

15. Оё ин сеҳр аст ё шумо онро намебинед?

Дар он рӯз фариштагони азоб он ҷамоъаи дурӯғгӯёнро бо хориву зорӣ ва расвоии зиёд пешопеш андохта, ба сӯи оташи Дӯзах равон месозанд. Тибқи баъзе ривоятҳо ба дасту пои кофирон, мутасаддиёни Дӯзах кишанг зада, сари онҳоро ба пойҳояшон ҷамъ месозанд ва маҷбур менамоянд, ки бо рӯйҳои дар заминкашол ба сӯйи оташи Дӯзах ҳаракат кунанд.

Чун ба оташи Дӯзах наздик мешаванд, ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он нори Ҷаҳаннам, ки шумо дар бораи он шунида, бовар накарда, мазоҳ намуда будед».

Ҳамчунин «Забонаи» оташи Дӯзах барои дилкӯбии онҳо мегӯяд, ки шумо дар дунё пайғамбаронро соҳиру ҷодугар ва ваҳйи илоҳиро чашмбандию ҷоду меҳисобидед, акнун ба чашми худ бубинед, ки ин ҳама магар сеҳру ҷоду аст? Ё худ шумо кӯру нобино ҳастед? На! Шумо дар дунё кӯр будед, ки имон наёвардед ва кори хайрро надидед! Аз ин гуна муомилаву мунозира як дарди онҳо сад дард ва як аламашон ҳазор алам мегардад. Лекин баъди муоина доду фарёд, тавбаю надомат, оҳу воҳу пушаймонӣ чӣ суд? Вақти тавба ин дунё аст, на охират.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)