Тафсири Сураи Тур Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 16
اِصۡلَوۡهَا فَاصۡبِرُوۡۤا اَوۡ لَا تَصۡبِرُوۡاۚ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡؕ اِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ١٦
Иславҳа фасбиру ав ла тасбиру саваун ъалайкум. Иннама туҷзавна ма кунтум таъмалун. 16.
16. Ба ин оташ дароед, хоҳ сабр кунед ё накунед барои шумо баробар аст! Ҷуз ин нест, ки ба қадри он чизе мекардед, ҷазо дода мешавед!!!».
Ба он беимонҳо гуфта мешавад, ки ба оташ дароед, дигар чиро интизоред? Ҳукми шумо дохил шудан ба Дӯзах аст. Он ҳукмест, ки чуну чаро надорад. Сабр мекунед ё намекунед, ин аҳамият ва суде надорад. Зеро шумо ҳезуми Дӯзах ҳастед ва доимӣ дар он мемонед. Доду фарёди фиғон, нолаву зорӣ ва таваллои шумо фоида надорад. Аллоҳ таъоло ба шумо зулм намекунад, шумо ҳамон қадар азоберо хоҳед дид, ки вобаста ва мувофиқ аст ба амалҳои дар дунё доштаатон ва шумо ба он сазоворед.
Аллоҳ таъоло дар ин ҷои сура аҳволи фоҷиронро (гунаҳкоронро) ба поён расонида, дар давоми сура, мувофиқи услуби Қуръон, ба шарҳи аҳволи муъминони накӯкору парҳезкор ва саодатманд ишора мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «