Сураи Тур Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 20

مُتَّكِـــِٕيۡنَ عَلٰى سُرُرٍ مَّصۡفُوۡفَةٍ‌ ۚ وَزَوَّجۡنٰهُمۡ بِحُوۡرٍ عِيۡنٍ ٢٠

Муттакиӣна ъала сурурим масфуфаҳ. Ва завваҷнаҳум би ҳурин ъӣн. 20.

20. Ва бар тахтҳои густурдашудаи бо ҳам баробар такязанон бошед». Ва Мо онҳоро бо ҳурҳои кушода (шаҳло)-чашм ҷуфт гардонем.

Ҷаннатиён такязанон болои катҳои зарандудкардашуда ва бо дурру ёқути зебо оро додашуда менишинанд. Катҳо чунон гузошта шудаанд, ки ба табъи ҷаннатиён мувофиқу мусоид ҳастанд ва ба онҳо ҳеҷ малол нахоҳад расид. Ҷаннатиёнро бо занҳои сиёҳабрӯ, шаҳлочашм ва зебои бемисл, ки «Ҳурулъайн» ном доранд, ҷуфт мегардонанд, яъне никоҳ мекунанд. Роҳат насиби онҳост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)