Сураи Тур Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 21

وَالَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَاتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُمۡ بِاِيۡمَانٍ اَلۡحَـقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَاۤ اَلَـتۡنٰهُمۡ مِّنۡ عَمَلِهِمۡ مِّنۡ شَىۡءٍ‌ؕ كُلُّ امۡرِیءٍۢ بِمَا كَسَبَ رَهِيۡنٌ ٢١

Ва-л-лазӣна аману ва-т-табаъатҳум зуррийятуҳум би ӣманин алҳақна биҳим зуррийятаҳум ва ма алатнаҳум-м мин ъамалиҳим-м мин шайъ. Куллумриим би ма касаба раҳӣн. 21.

21. Касоне ки имон оварданд ва авлоди онҳо дар имон онҳоро пайравӣ карданд, авлодашонро ба онҳо бирасонем ва аз (подоши) амали онҳо чизеро нуқсон накунем. Ҳар шахсе ба он чӣ амал кард, дар гарав аст.

Шахсоне, ки имон оварданду амали солеҳ намуданд ва Худованд ба фазлу марҳамати Худ онҳоро сазовори Ҷаннат гардонид, агар фарзандони онҳо аз падарони худ пайравӣ намуда, роҳи онҳоро идома диҳанд ва аз дунё бо нури имон бираванд, ваъдаи Худованд аст, ки писаронро новобаста ба мартабаашон дар Ҷаннат ба висоли падарони худ бирасонад. Зеро аҳли Ҷаннат мартабаву мақомҳои гуногун доранд. Мешавад, ки мартабаи писар назар ба падар паст бошад, локин Аллоҳи меҳрубон ба лутфу карами худ мақоми онҳоро ба ҳам баробар созад.

Вале ба ҳеҷ сурат мақоми падар, яъне мақоми баландро паст нагардонад, зеро ин аз ҳиммати Ӯ таъоло нест. Чун падар ба висоли ҷигарбанди худ мерасад, бениҳоят хушҳол мегардад, ки фарзанди ӯ бандаи писандидаи Парвардигор асту аз оташи Ҷаҳаннам наҷотёфта аз биҳишти анбарсиришт макон ёфтааст. Магар ин илова ба он неъматҳои бузург боз неъмати дигари Аллоҳ нест? Бале, чӣ бахти бузург аст ин! Падар бо дидани писару мартабаи вай чашмонаш равшану хотираш ҷамъ мегардад.

Ҳар инсон дар дунё чӣ амалеро анҷом диҳад, мувофиқ бо амали худ дар гарав аст. Чӣ гуна амале, ки дошт, мувофиқи он подошу мукофот мегирад ва гуноҳи ҳеҷ кас болои каси дигар таҳмил (гузошта) намегардад.

Баъзе муфассирон ақида доранд, ки анҷоми ояти карима ба кофирон мутааллиқ аст. Яъне гарав ба онҳо тааллуқ дорад. Зеро дар давоми оёти 38-39-уми сураи «Муддассир» омада, ки «Илла асҳабал ямин». (Магар дар гарав нестанд асҳоби тарафи рост).

Хулоса ин аст, ки ҳар кас подоши амалҳои худро хоҳад дид ва мартабаҳои боқӣ ба фазлу карами Худованд вобаста аст. Хоҳад гуноҳи касеро афв месозаду мартабаашро баланд мегардонад. Ин кори Ӯст, зеро Ӯ ҳокиму довари башар аст ва зиёда аз ин…


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)